Дар ноҳияи Лахш Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
ЛАХШ, 22.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Лахши болои ноҳияи Лахш бо иштироки сокинону меҳмонон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш иттилоъ доданд.
Дар Наврӯзгоҳи Ҷамоати деҳоти Лахши болои ноҳия аз ҷониби аҳли заҳмати ҷамоат дастранҷи деҳқонону косибон, зардӯзону гулдӯзон, дуредгарону оҳангарон ва таомҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар Ҷамоати деҳоти Лахши боло Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оид ба гӯштингирӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ, чилику дангал, хурӯсҷанг, ланкабозӣ ва дигар бозиҳои хоси ин минтақа дар байни наврасону ҷавонон доир карда шуд. Ғолибони бозиҳо ба туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода иброз намуд, ки «ҷашни Наврӯз дарбаргирандаи ҳадафҳои покии зоҳиру ботин, ростию росткорӣ, сидқ дар аҳду паймон, адлу инсоф, нигоҳ доштани ҳадди эътидол дар муносибатҳои хонаводагӣ, ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад. Омили аслии мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то имрӯз ба суди ҳамагон буду ҳаст. Касоне, ки дар ин ҷашни бузург иштирок менамоянд, низ аз адлу дод ҳимоят ҷуста, бар зиёни ҳеҷ касе иқдоми бад нахоҳанд кард. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар ёдкарди ин ҷашн рӯ мезанад, шодӣ асту сурур, хайр асту баракат ва тандурустию комёбӣ. Ба ин далел ин суннати фархунда дар зеҳну амалу кирдори мардуми мо одату анъанаи нек гардида, дар шумори корҳое аст, ки иҷрояш барои ҳар фард суннат буда, душвориҳоро мезудояд ва навиду хушию шодмониву некбахтӣ меорад».
Ҳамчунин аз ҷониби аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи бошукуҳи фарҳангӣ пешкаши меҳмонону сокинони Ҷамоати деҳоти Лахши боло гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






