Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
ДУШАНБЕ, 08.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз вазифаҳои асосии Маркази авиатсионии метеорологии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» таъмини маълумоти метеорологии авиатсионӣ ба истифодабарандагон, аз ҷумла таъмини назорати мунтазам тавассути фосилаҳои муқарраргардида ва махсуси обу ҳаво дар фурудгоҳҳо, аэродромҳо, пешгӯиҳои метеорологии авиатсионӣ, огоҳӣ оид ба ҳодисаҳои метеорологӣ, гузаронидани машваратҳо бо ҳайати сарнишинон ва танзимгарони Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ мебошад. Ин матлабро дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Модар яке аз мутахассисони соҳибтаҷрибаи Маркази авиатсионии метеорологии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Наталия Алиназарова баён дошт.
Наталия Алиназарова аз собиқадорони соҳа буда, муддати 32 сол дар корхона дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Имрӯз ӯ ба ҳайси техник-метеорологи гурӯҳи Нуқтаи асосии муроқибаи Маркази авиатсионии метеорологии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ифои вазифа намуда, дар таъмини маълумоти дақиқи метеорологии авиатсионӣ барои истифодабарандагони фазои ҳавоии мамлакат саҳм мегузорад. Наталия Алиназарова мегӯяд, ки обу ҳаво яке аз омилҳои асосии хатарзо барои авиатсия ба ҳисоб меравад. Метеорологҳо маълумотро ҷамъоварӣ ва коркард намуда, ба истифодабарандагони соҳаи авиатсия маълумоти дақиқ ва боэътимодро оид ба шароити обу ҳаво пешниҳод менамоянд.
Ба андешаи Наталия Алиназарова, дар радифи сарнишинон, танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ ё наҷотдиҳандагон метеорологҳо низ дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Дар баробари ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумоти метеорологии авиатсионӣ Наталия Алиназарова барои омода намудани мутахассисони ҷавон низ саҳми босазо мегузорад. Дар доираи иқдоми роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» вобаста ба такмили ихтисоси кормандон ва баланд бардоштани тахассуси онҳо номбурда даврҳои такмили ихтисосро ба таври фосилавӣ дар Донишгоҳи аэронавигатсияи шаҳри Красноярск ва Донишкадаи такмили ихтисоси роҳбарону мутахассисони метеорологияи шаҳри Москваи Федератсияи Русия гузашта, соҳиби сертификат гардидааст. Соли 2024 барои фаъолияти пурсамар давоми солҳои дароз ва хизмати арзанда дар рушду пешрафти соҳа бо нишони “Корманди фахрии авиатсияи граждании Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Маркази авиатсионии метеорологии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» занони фаъолу кордон бо пешниҳоди маълумоти метеорологӣ дар рушди пешрафти соҳаи аэронавигатсия саҳми муассир мегузоранд. Корманди соҳибтахассуси дигари Маркази авиатсионии метеорологӣ Кимё Фармонбекова мебошад, ки беш аз 28 сол мешавад дар вазифаҳои гуногун дар Маркази авиатсионии метеорологии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» фаъолият менамояд.
Ӯ имрӯз ҳамчун техник-метеорологи гурӯҳи Нуқтаи асосии муроқибаи Маркази авиатсионии метеорологии «Тоҷикаэронавигатсия» фаъолият намуда, дар таъмини бехатарии парвозҳо ҳиссаи сазовор мегузорад. Кимё Фармонбекова даврҳои такмили ихтисосро ба таври фосилавӣ дар Донишгоҳи аэронавигатсияи шаҳри Красноярск ва Донишкадаи такмили ихтисоси роҳбарону мутахассисони метеорологияи шаҳри Москваи Федератсияи Русия хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардидааст. Давоми фаъолияташ малака ва донишҳои омӯхтаашро барои боз ҳам беҳтар гардидани таъмини маълумоти метеорологӣ истифода мебарад. Инчунин омӯзонидани мутахассисони ҷавон дар мадди назари ӯ мебошад. Кимё Фармонбекова барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар таъмини маълумоти дақиқи метеорологии авиатсионӣ аз ҷониби роҳбарияти «Тоҷикаэронавигатсия» бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шудааст.
Корманди дигари фаъоли Маркази авиатсионии метеорологии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Олга Баринова мебошад. Ин зани соҳибмаърифат ва мутахассиси касби худ 17 сол аст, ки дар Маркази авиатсионии метеорологии «Тоҷикаэронавигатсия» фаъолият намуда, яке аз мутахассисони соҳибтаҷрибаи метеорология маҳсуб мешавад. Олга имрӯз дар вазифаи техник-метеорологи гурӯҳи Нуқтаи асосии муроқибаи Маркази авиатсионии метеорологии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» фаъолият намуда, дар беҳтар гардидани хизматрасонии метеорологии авиатсионӣ саҳм мегузорад. Инчунин дар ҳолатҳои номусоиди обу ҳаво ба мутахассиони ҷавон машваратҳо дода, дар таъмини хизматрасонии метеорологӣ нақши муассир мегузорад.

Бо мақсади баланд бардоштани тахассуси касбӣ ӯ соли 2013 даври такмили ихтисосро ба таври фосилавӣ дар Донишгоҳи аэронавигатсияи шаҳри Красноярски Федератсияи Русия гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардид. Соли 2019 бо мақсади баланд бардоштани ихтисос ва мутобиқат ба стандартҳои Созмони ҷаҳонии метеорологӣ даврҳои бозомӯзии метеорологҳои авиатсиониро дар Донишгоҳи такмили ихтисоси шаҳри Москваи Федератсияи Русия муваффақона хатм намуда, соҳиби Диплом гардид.
Роҳбарияти «Тоҷикаэронавигатсия» фаъолияти пурсамари Олга Бариноваро қадр намуда, ӯро бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардониданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»








Тоҷикистон лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқро аз ҳисоби партовҳо амалӣ менамояд
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо мақсади ҷалби сармоя тақвият медиҳад
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон қариб 9 миллион доллар афзоиш ёфтааст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Байни шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
ТАЪСИСИ 5 ҲАЗОР ҶОЙҲОИ НАВИ КОР. Дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент ба истифода дода мешаванд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» ва «Барқарорсозии низоми экологӣ ва устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ шуд
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи болобарии нархи семент баррасӣ шуд
Намояндагони Тоҷикистон дар чорабинии Ассамблеяи генералии 93-юми Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот иштирок намуданд






