Донишҷӯёни муассисаҳои олӣ толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-ро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди пойтахт толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Барои ҷавонону донишҷӯён экскурсияҳо баргузор карда шуда, муҳтавои асосии ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу пиряхҳо пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо пешоҳанг дониста мешавад.
Ҷавонону донишҷӯён дигар толорҳои Осорхонаи миллиро низ тамошо намуда, бо бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ ва дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ аз наздик шинос шуданд.



Ёдовар мешавем, ки ин ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 11 март то 14 март идома ёфта, дар доираи он сокинону фаъолони пойтахт, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди пойтахт тавонистанд толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намоянд.
Мақсади асосии тамошои гурӯҳии толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ҷонибдорӣ аз иқдоми байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар ин замина рушди сайёҳии дохилӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллии мардуми мамлакат ба ҳисоб меравад.
АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе













Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид






