Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Ҳиндустон, Эрон ва Покистон дар соҳаи саноат баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории Тоҷикистон дар бахши саноат дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷеш Уикер, Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, алалхусус дар соҳаи саноат табодули назар намуданд.
Гуфта шуд, ки байни давлатҳо зарфияти зиёд барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мавҷуд аст. Дар робита ба ин аз доираи соҳибкорону сармоягузорони ин давлатҳо барои иштирок дар лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахши истихроҷи маъдан, соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, дорусозӣ ва дар ин замина таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо оид ба пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ибрози назар намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






