Фаронса имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд

Март 15, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Фаронса  имзои созишномаи ниҳоӣ дар бораи аломатгузории марзи байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бишкек истиқбол менамояд. Дар ин хусус дар изҳороти сухангӯйи Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса гуфта шудааст.

«Ин Шартнома, ки раванди тӯлониро ба анҷом расид, як нишонаи муҳим барои сулҳу  субот ва идомаи ҳамкории минтақавии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Кушодани сарҳадҳо ин қадами муҳим дар роҳи таҳкими мубодилаи мардум ва иқтисодӣ мебошад.

Дар ин раванди ба эътидол овардани равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ, Фаронса мехоҳад аз нишасти сеҷонибаи президентони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, ки рӯзи 31 март дар Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст ҷонибдорӣ ва истиқбол намояд»,- таъкид гардидааст дар изҳорот.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 15, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид