Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе барои намояндагони соҳаи сайёҳӣ, ВАО ва блогерони ҷазираи Киши Эрон муаррифӣ карда шуданд

Март 16, 2025 20:07

ДУШАНБЕ, 16.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 16 март дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар масири Киш-Душанбе-Киш хатсайри мустақими ҳавоии муваққатии сайёҳӣ ифтитоҳ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар доираи ифтитоҳи ин хатсайр имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе барои намояндагони сайёҳӣ, воситаҳои ахбори омма ва блогерони ҷазираи Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ карда шуд.

Хатсайр дар ин самт бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, хусусан ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ифтитоҳ гардида, парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои «Airbus A321»-и ширкати  «Kish Airlines»-и Эрон анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҷазираи Киш дар устони Ҳурмузгони Эрон воқеъ буда, бо табиати зебою нотакрораш яке аз ҷолибтарин мавзеъҳои сайёҳӣ дар ҷануби ин кишвар мебошад.

Ҳоло ширкатҳои «Somon Air»-и Тоҷикистон ва «Varesh Airlines»-и Эрон байни Душанбе ва Теҳрон парвозҳои мустақим анҷом медиҳанд.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Март 16, 2025 20:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад