Имрӯз дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон боз 697 нафар маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ озод карда шуданд

Март 22, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз субҳи имрӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ боз 697 нафар, аз ҷумла 34 нафар зан, 663 нафар мард, ки аз ин 3 нафар ноболиғ мебошанд, озод карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар асоси тадбирҳои инсондӯстона, ғамхорию таваҷҷуҳи доимӣ нисбат ба оила, мардони саробони оила ва занону духтарон, инчунин ҷавонон ва кӯдакону наврасон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз боз 697 нафар маҳкумшудагон бахшида шуда, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шуданд. Маҳбусон ва маҳкумшудагон субҳи имрӯз аз муассисаи ислоҳии низоми пурзӯр, муассисаи тарбиявии ноболиғон ва тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Душанбе, муассисаҳои ислоҳии низоми сахт ва муассисаи муолиҷавӣ дар шаҳри Ваҳдат, муассисаҳои ислоҳии низоми сахт ва низоми пурзӯр, инчунин тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи ислоҳии низоми умумӣ дар ноҳияи Ёвон, муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак ва тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Бохтар ба озодӣ баромаданд.

Ёдовар мешавем, ки 21 марти соли 2025 низ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ 200 нафар, аз ҷумла 53 нафар зан, 147 нафар мард ва 27 нафар ноболиғон озод карда шуданд. Дар ин рӯз аз муассисаи ислоҳии низоми умумии ноҳияи Ёвон 98 нафар, муассисаи ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Душанбе 22 нафар, муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак 53 нафар ва аз муассисаи тарбиявии ноболиғон дар шаҳри Душанбе 27 нафар озод карда шуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо чунин иқдоми инсодӯстона ва ғамхорию амали бахшида тавонистани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ то ба қабули фармони навбатии бахшиши ҷазо баъди имзои санадҳои дахлдори афв ва бахшиши ҷазо дар муассисаҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар маҷмуъ нисбат ба 102 ҳазору 671 нафар татбиқ гардидааст, ки аз инҳо 58 ҳазору 233 нафар аз адои ҷазои чиноятӣ озод карда шудаанд.

Март 22, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд