Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад

Март 8, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 2-7дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа хунук ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Март 8, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд