ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд

Март 3, 2025 14:42

ДУШАНБЕ, 03.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе баъди эълони натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мушоҳидони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай нишасти матбуотӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Пиао Янфан иброз намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 март дар мониторинги байналмилалии омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

«Даъвати мушоҳидони байналмилалӣ хоҳиши роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ошкорбаёнӣ, шаффофият ва демократия дар интихоботи парлумонӣ мебошад. Он ҳамчунин ба инобат гирифтани андешаҳои нозирони байналмилалиро барои такмили минбаъдаи раванди интихобот ифода менамояд», — таъкид намуд Пиао Янфан.

Иброз гардид, ки намояндагии созмон 18 мушоҳидро аз 7 кишвари аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла намояндагони ботаҷрибаи мақомоти қонунгузор, иҷроия ва интихоботии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, кормандони дипломатии сафоратхонаҳо дар Душанбе, инчунин кормандони Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай аккредитатсия намудааст.

Ҳайат фаъолияти баланди шаҳрвандии интихобкунандагон ва маҳорати касбии кормандони комиссияҳои участкавии интихоботро дар ташкил ва гузаронидани овоздиҳӣ таъкид намуданд.

Бо мақсади ба даст овардани манзараи мукаммали ҷараёни интихобот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳайат дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Норак ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мушоҳидаҳо гузарониданд.

Дар рӯзи овоздиҳӣ ва қабл аз он аъзои ҳайат ба 116 участкаи интихоботӣ рафтанд.

«Аъзои комиссияҳои участкавии интихоботӣ барои овоздиҳӣ ва риояи принсипҳои холисона тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Онҳо бо интихобкунандагон ва нозирон бо камоли кордонӣ ва меҳрубонона муошират карда, сари вақт масъалаҳои ба миёномадаро тавзеҳ доданд. Кори онҳо нисбат ба интихобкунандагон, намояндагони ҷомеа, нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорон бодиққат, хушмуомила ва эҳтиромона буд», — гуфт Пиао Янфан.

Фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ босифат, шаффоф ва мустақил буд.

Ҳайати намояндагон фаъолияти баланди занону ҷавононро дар рӯзи овоздиҳӣ бо қаноатмандӣ иброз менамоянд. Ба ҷавононе, ки бори аввал овоз доданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Пиао Янфан гуфт, ки дар участкаҳои интихоботӣ овоздиҳӣ дар вазъияти орому муташаккилона ва бо риояи тамоми тартиботи муқарраршуда гузашт.

«Ҳайат ягон нақзи қонунгузории миллиро, ки метавонад қонунӣ будани интихоботро зери шубҳа барад ё ба натиҷаҳои онҳо таъсир расонад, сабт накарданд», — таъкид дошт Пиао Янфан.

Ҳамзамон ҳайат интихоботи гузаштаро шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 3, 2025 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар участкаи интихоботии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 38 нафар ҷавонон нахустин маротиба овоз доданд