Иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон: «Аз истиқболу меҳмоннавозии гарми тоҷикон сарамон ба фалак расид»
ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз меҳру муҳаббат, самимият ва истиқболу меҳмоннавозии тоҷикон сарамон ба фалак расид, изҳори хушнудӣ намуд яке аз иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» Бежан Авазхонов аз Ҷумҳурии Қирғизистон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба андешаи ӯ, маҳз бо шарофати ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров робитаҳои ду давлат вориди марҳилаи нав гардиданд. Ин раванд аз рушди дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи ду давлати ҳамҷавор ва дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Қирғизистон дарак медиҳад.
Иштирокчии дигари фестивал Тимофей аз Нигерия мебошад, ки боду ҳаво, табиати зебои Тоҷикистон ва хӯрокҳои миллии тоҷикӣ барояш хеле писанд омадааст.
«Фестивал имкон дод, ки дӯстони зиёде аз мамолики дунё пайдо намоем. Мо дар ин ҷо бо ҷавонони тоҷику узбек, қирғизу дигар миллатҳо дӯстӣ пайдо карда, дар якҷоягӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намудем. Чунин чорабиниҳо дӯстии миллатҳоро қавитар менамоянд. Ин муддати кӯтоҳе, ки дар ин ҷо ҳастам, худро бегона эҳсос намекунам, баръакс худро хеле роҳату амн эҳсос менамоям, зеро мардуми тоҷик хеле меҳрубон ҳастанд. Бахусус ҷавонон хеле хушмуомила ҳастанд, онҳо кӯшиш менамоянд, ки ҳамеша ба ту кумак расонанд, ҳамин аст, ки фикр мекунам бо онҳо чанд сол боз дӯстӣ дорам», — гуфт ӯ.
Айзирек Мамадсадикова, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон аз кушодашавии марз изҳори хушнудӣ намуд. «Ба ман мавзеъҳои дилрабои шаҳри Душанбе, кӯчаю растаҳои тозаю озода, боғҳои ободу гулпӯш, иншооти бо тарҳу услуби муосиру миллӣ бунёдшуда хеле писанд омад. Воқеан, Душанбе зебо ва шаҳри орзуҳост. Дар ин сарзамин он қадар одамони самимию меҳмоннавоз зиндагӣ менамоянд, ки аз дидору суҳбаташон шод мешавӣ», — изҳор дошт ӯ.
Айзирек Мамадсадикова мегӯяд, ки бори аввал аст ба Тоҷикистон меояд ва ин ҷо барояш хеле писанд омад. «Шаҳрҳои калон, ободу зебо, биноҳои барҳаво ва ниҳоят мардуми инҷо хеле меҳрубонанд. То ин муддат таассуротам дар бораи Тоҷикистон чандон хуб набуд, вале баъди ба ин ҷо омадан ва ҳамсуҳбат шудан бо сокинони ин сарзамин андешаам ба куллӣ тағйир ёфт. Акнун ман тасмим гирифтаам, ки бештар ба ин ҷо ба саёҳат оям, зеро дар ин ҷо дӯстони зиёд пайдо намудам»,-афзуд Айзирек Мамадсадикова.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» бо иштироки намояндагони 26 давлати дунё 15 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, то 21 март дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ идома меёбад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






