Иттиҳоди Аврупо имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ лаҳзаи муҳим ва қадами бузург шуморид

Март 14, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ лаҳзаи муҳим ва қадами бузург шуморид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Иттиҳоди Аврупо аз имзои Шартномаи ниҳоии сарҳадӣ дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштарак байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол менамояд.

Ин як лаҳзаи муҳим ва қадами бузург ба пеш аст, ки ба муколама ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо асос ёфтааст. Шартнома устуворӣ ва суботи Осиёи Марказиро тақвият хоҳад дод.

Иттиҳоди Аврупо аз ҳамкории минтақавӣ, ки бар ин поя асос ёфтааст, пуштибонӣ мекунад ва омода аст, ки иҷрои шартномаро дар доираи Стратегияи Осиёи Марказӣ ва Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дастгирӣ намояд», — гуфта мешавад дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

 

 

Март 14, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид