Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон Наврӯзи оламафрӯзро бо риояи оинҳои миллӣ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз ҳамоиши фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни ҳамоиши фарҳангӣ иброз гардид, ки Наврӯз ва анъанаю суннатҳои неки он бо шарофати сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷаҳонӣ касб намудаанд, ки боиси ифтихори ҳар сокини мамлакат мебошад.
Ҷавҳари таърихию фарҳангии Наврӯз саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии осоишта, накӯкорию созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Ин ҷашни бузурги бостонӣ бо обу хок, марзу бум ва руҳи зиндагисозу тамаддунофари халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳамин аст, ки расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангию таҳаммулгарои мо созгор мебошанд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст».
Кормандони Суди конститутсионӣ Наврӯзи оламафрӯзро бо руҳияи баланди миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ, худшиносию худогоҳӣ ҳамчун пайвандгари дирӯзу имрӯз, суннату анъанаҳои неки ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллии халқамон таҷлил карда, таманно намуданд, ки бахту саодат ва хайру баракат дар хонадони тамоми аҳли башар ва сулҳу субот дар тамоми олам ҷовидонӣ бошад.
АКС: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид






