МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба беморони дорои фишори баланди хун тавсия дода мешавад

Март 27, 2025 08:49

ДУШАНБЕ, 27.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор буда, дар табиати нотакрори он ҳазорон намуди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст. Аз ҷумла, чукрӣ, торон, шибит, рошак, қоқу, каравчак ва дигар намудҳои растаниҳои ба саломатӣ муфид дар мамлакати мо зиёд мерӯянд.

Ба иттилои Директори Муассисаи давлатии Маркази илмию таҳқиқотии фарматсевтии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Аҳмадзода, дар таркиби баргу пояи растании чукрӣ 95 фоиз об, 7 фоиз сафеда, 2,9 фоиз қанд, 1 фоиз нахи ғизоӣ ва 1 фоиз кислотаи органикӣ мавҷуд аст. 100 грамми он 16 килокалория энергия дорад.

Ба тавсияи мутахассис, дар таркиби чукрӣ 325 милиграмм калий, 35 милиграмм натрий, 44 милиграмм калтсий ва 17 милиграмм магний ва фосфор, каротин, витамини B1, B2, витаминҳои PP ва витамини С мавҷуд мебошанд.

Қисматҳои истифодашавандаи он дар тиб — барг, поя, реша, кундареша ва тухми растанӣ мебошанд, ки муҳлати нигоҳдорияшон  то се сол аст.

Бояд таъкид намуд, ки Абӯалӣ ибни Сино ин гиёҳро барои муолиҷаи диққи нафас, дарди меъдаю рӯда, илтиҳоби ҷигар, иллати гурдаву масона ва чун маводи иштиҳоовар тавсия додааст. Инчунин чукриро барои табобати омос, лату зарби узвҳо ва пок намудани рӯй аз доғҳои кунҷитак тавсия додаанд.

Дар тибби мардумӣ чукриро чун гиёҳи иштиҳоовар ва барои табобати илтиҳоби меъда ва ҷигару талхадон, тангшавии роҳҳои талха, табларза ва камхунӣ истифода мебаранд. Дар тибби муосир чукриро барои илтиҳоби пардаи луобии меъда, яъне гастрит, ки бар асари ин беморӣ хосияти шираҷудокунии меъда паст мешавад, тавсия менамоянд. Чукриро ба беморони дорои фишори баланди хун низ тавсия медиҳанд.

Бояд иброз намуд, ки масъалаи омӯзиши олами набототи худрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои муҳим буда, солҳои охир аҳамияти илмию амалии он ба маротиб меафзояд. Хусусан дар боғҳо парвариш намудани гиёҳҳои ғизоӣ ва нодиру камёфти худрӯй дар шароити имрӯза басе зарур аст.

Ба тавсияи мутахассисон, ин гурӯҳи растаниҳоро хоҷагидорон метавонанд дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва боғҳояшон бе мушкилӣ парвариш намоянд.

Ин растаниҳои ғизоии ёбоӣ ба нигоҳубин ва ғизодиҳии иловагӣ эҳтиёҷи зиёд надоранд. Тухмии ҳамаи намудҳои растаниҳои ғизоӣ бояд моҳҳои октябр-ноябр кишт шавад, то аз сертификатсияи табиӣ гузарад.

Ба таъкиди директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев, кормандони боғ солҳои охир ба парвариши растаниҳои ғизоӣ ва нодир, ки яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд, шуруъ намудаанд. Солҳои охир кормандони боғ гурӯҳи калони растаниҳои ғизоӣ ва шифобахшро дар шароити боғ парвариш менамоянд, ки ба ҳифзу нигоҳдории минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 27, 2025 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
Лӯбиёро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст
Пиёзро кай ва чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Кадом маҳсулоти хӯрокаро беш аз як сол метавон захира кард?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Қаланфури тундро бештар барои иштиҳо истеъмол менамоянд
Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили тӯфонҳои рег ва чанг. Чӣ боис мешавад, ки чангу ғубор ба амал меояд?
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид