МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин дар фасли баҳор боиси авҷи бемории гастрит мегардад

Март 10, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли баҳор дар бадани инсонҳо мушкилоти меъдаю рӯда, махсусан бемории гастрит бештар мегардад. Зеро ивазшавии ҳаво, ғизои носолим, тамоюли аз ҳад зиёд хӯрдан ва асабоният (стресс) омилҳои авҷгирии бемории гастрит мебошанд. Агар шумо аз мушкилоти меъда азоб мекашед, бо фарорасии фасли баҳор мустаҳкам намудани иммунитети худро бо ғизо ва дар ҳолати зарурӣ бо моддаҳои иловагӣ танзим намоед. Танзими одатҳои хӯрокхӯрӣ- ин яъне дарозтар ва оҳиста хоидани хӯрок, наҳориро аз таомҳои серғизо ва хӯроки шомро аз хӯроки сабуктар интихоб намудан аст. Чунин тавсия медиҳанд табибон.

Омили пешгирии бемории гастрит дар фасли баҳор истеъмоли сабзавот ва меваҳои тару тоза мебошад. Бояд як муддат хӯрокҳои бирёншуда ва сахт истеъмол накунед. Зеро ҳазми хӯрокҳои равғанин тӯлонӣ буда, дар меъда муддате боқӣ мемонанд. Азбаски хӯрокҳои равғанӣ дар меъда ба муддати дароз боқӣ мемонанд, мушкилоти меъдаро низ зиёд менамоянд. Инчунин хӯрокҳо дорои хосияти туршӣ буда, барои инсони гирифтори бемории меъда мушкилӣ ба вуҷуд меоранд.

Гастрит он вақт рух медиҳад, ки кислотаи меъда аз ҳад зиёд истеҳсол карда мешавад ё қабати муҳофизатии девори меъда зарар мебинад. Ин беморӣ ду шакл дорад: гастрити шадид ва музмин. Агар он ногаҳон рух диҳад, онро шадид меноманд, агар давоми муддати тӯлонӣ инкишоф ёбад, онро гастрити музмин меноманд. Нишонаи гастрити шадид дарди шадиди меъда, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ мебошад. Гастрити музмин одатан ягон нишона надорад ё танҳо нишонаҳои сабук, ба монанди нороҳатии болои шикам, меъда ва ҳисси серӣ пас аз хӯрокро нишон медиҳад.

Барои муайян намудани ин беморӣ ташхиси эндоскопӣ зарур аст. Эндоскопия–ин ворид намудани дастгоҳи найчашакл бо камераи сабук тавассути даҳон ба меъда мебошад. Барои муайян намудани илтиҳоб ва барангезандаҳо дар организм санҷиши хун гузаронидан мумкин аст.

Табибон тавсия медиҳанд, ки агар инсон гирифтори бемории гастрит бошад, бояд ҳар чизе, ки қабати меъдаро вайрон менамоянд, ба монанди қаҳва, машрубот ва тамокукаширо тарк намуда, хӯрокҳои сабуки ба осонӣ ҳазмшаванда истеъмол кунад.

Ба тавсияи мутахассисон, яке аз роҳҳои дур шудан ва бартараф намудани дарди меъда ва авҷгирии он дар муҳити ором қарор гирифтани одам мебошад. Зеро дар ҳолатҳои гастрите, ки аз асабоният сар мезананд, усулҳои истироҳат, аз қабили мулоҳиза ё истироҳати прогрессивии мушакҳо метавонанд муфид бошанд. Барои бартараф намудани ин ҳолат ба бемор парҳез ва истеъмоли доруҳо тавсия дода мешавад.

Парҳез қисми муҳими табобати гастрит мебошад. Барои гастрит меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти дорои нахи баланд, аз қабили себ, ҷав, карами сабз, сабзӣ ва лӯбиё, хӯрокҳои камравған, ба монанди моҳӣ, мурғ ва синаи мурғ фоидаовар мебошанд.

Истеъмоли шоколад, қаҳва, машрубот, ҳамаи намудҳои хӯроки коркардшуда, хӯрокҳо ва нӯшокиҳо бо миқдори зиёди чарб ва шакар, ғизо ва нӯшокиҳое, ки дорои шириниҳои сунъӣ мебошанд ва хӯрокҳои аз ҳад зиёд тунд ба гастрит зарари зиёд доранд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 10, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд