Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ баргузор гардид

Март 15, 2025 09:38

ДУШАНБЕ, 15.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 13 март бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Мусобиқа дар асоси нақшаи чорабиниҳои Федератсияи камонварии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ» доир шуд.

Варзишгарон маҳорати баланд ва омодагии ҷиддӣ нишон дода, барои пирӯзӣ сабқат намуданд.

Дар натиҷа беҳтарин камонварон муайян шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Зимни маросими туҳфасупорӣ таъкид шуд, ки чунин мусобиқаҳо на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишгарон, балки таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории варзишӣ дар байни кишварҳои ҳамсоя низ саҳми назаррас мегузоранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2025 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард