Нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят арзишманд аст

Март 8, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса иттилоъ доданд.

Директори Маркази миллии патенту иттилоот Мирзо Исмоилзода бо табрики занону модарон бо ин ҷашни фархунда иброз дошт, ки «нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳим ва арзишманд мебошад. Имрӯзҳо занони тоҷик дар баробари мардон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд. Онҳо бо ташаббусҳои созандаашон Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд».

Иброз гардид, ки Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Ӯ аввалин шахсест, ки бо муҳаббати пок ва меҳрубонии бекаронаш дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш дода, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ роҳнамоӣ менамояд. Модар аввалин омӯзгори беминнати инсон буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро низ дар зеҳну шуури ӯ тарбия менамояд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

Март 8, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»