Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад

Март 19, 2025 09:32

ДУШАНБЕ, 19.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хати экватори оламро бурида, ба нимкураи шимолии осмон мегузарад. Астрономҳо ин мавқеъгирии Замину Офтобро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (баробаршавии шабу рӯз) мегӯянд.

Оғози Наврӯз -нуқтаи эътидоли баҳорӣ — баробаршавии шабу рӯз мутобиқи ҳисобот ҳар сол тақрибан 20-22 март фаро мерасад, ки ин тафовут ба далели таъсири қувваи ҷозиба ҳангоми гардиши Замин дар мадор аз тарафи дигар сайёраҳо ба амал меояд.

Ҳамаи ҷашнҳо, бешубҳа, дар андозаи макону замон (фазову вақт) мавқеи муайянро дороянд. Ин ҳолат барои ҷашни Наврӯз ангуштнамо аст, чунки он дар гунбази фалак (сфераи осмон) мақоми хосса дорад, ки он ба оғози соли нави астрономӣ мувофиқ омада, ба ин маънӣ дорои заминаи боэътимоди илмию амалӣ мебошад. Мутобиқи маълумоти фарҳанги бостон, гузаштагони мо аз замонҳои қадим дар кураи осмон чаҳор ҳолати нисбатан хосаи аз ҳамдигар фарқкунандаи мавқеъгирии Офтобро зимни ҳаракати солонааш байни бурҷҳои ситоравӣ дақиқ медонистанд. Олимон барои муайян намудани мавқеъгирии Офтоб ва низоми он дар андозаи фазову вақт, муайян намудани фаслҳои сол усулҳои таҳқиқ, дастгоҳҳои мушоҳидавӣ ва иншооти махсусро ҳанӯз аз замонҳои қадим бунёду мавриди истифода қарор медоданд, ки дар ин маврид далелҳои зиёде мавҷуданд.

Дар байни мардуми ориёӣ чаҳор ҳолати мавқеъгирии хоссаи Офтоб дар кураи осмон аз қадим ҳамчун ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон маъруфу маъмул будааст. Ҳатто дар замони салтанати Ҳахоманишиён дар Эрони Ғарбӣ ҷашни соли нав дар эътидоли тирамоҳӣ бо унвони ҷашни Митракон ё Меҳргон таҷлил мегардид. Маъруфият ва фосила дар асари авастошиноси номии Эрон Ҳошими Разӣ «Ҷашнҳои об» чунин таъкид шудааст: «Ду ҷашне (Наврӯзу Меҳргон), ки солро ба ду бахш тақсим мекарду байни ҳиндувон низ собиқа доштанд…», ки аз ин иқтибос мутааллиқ будани ҷашни Меҳргон ба баробаршабонарӯзии тирамоҳӣ аён аст. Дар илми астрономия (ситорашиносӣ) нуқтаи баробаршабонарӯзии баҳорӣ ҳамчун нуқтаи сарҳисоби вақт ва муайянкунандаи мавқеи ҷирмҳои мунири осмон зимни таҳқиқоти илмӣ байни тамоми олимон ва муҳаққиқон, сарфи назар аз дину оин ва нажоду миллаташон пазируфта шудааст. Ин тақвим аз оғози рӯзи нави сол – яъне ҷашни Наврӯз, ки Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хати экватори оламро бурида, ба нимкураи шимолии осмон ворид мешавад, шуруъ гардида, давомнокии сол ба 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқаю 46 сония баробар аст.

Маълум аст, ки нуқтаи сарҳисоби вақт, ки дар шумори (пайдарҳамии) рӯзҳову моҳҳо, солу солшумориҳо ба таври анъанавӣ дар шакли тақвим ба миллатҳои гуногун вобаста ба дину оину анъанаҳои миллиашон пешниҳод шудаанд, хеле гуногунанд. То имрӯз ба ҳамагон зиёда аз даҳҳо тақвимҳои ҳисоби вақт маълуманд, ки бархе аз онҳо вобаста ба шахсҳои маъруфи таърихӣ асос ёфтаанд. Вале новобаста аз интихоби оғози солшумориҳо, ҳамаи ин тақвимҳо вобаста ба ҳаракати Замин дар атрофи тири меҳвари худ (шабонарӯзӣ) ва дар атрофи Офтоб, ҳаракати Моҳтоб дар атрофи Замин ва ҳаракати якҷояи Замину Моҳтоб дар атрофи Офтоб тартиб дода мешаванд. Ва дар ин замина ба ҳамагон се намуди тақвим- қамарӣ, қамарӣ-шамсӣ ва шамсӣ маълуманд, ки дар Тоҷикистон тақвими шамсӣ ва қамарӣ мустақиман мавриди истифода қарор доранд.

Тақвими қамарӣ ба навшавии фазаҳои Моҳ, ки дар натиҷаи ҳаракати Моҳтоб дар атрофи Замин ба амал меояд, асос ёфтааст. Ин навшавии моҳ давоми сол 12 маротиба ба амал омада, теъдоди рӯзҳо дар ин тақвим ба 355-356 баробар аст. Тағйирёбии фазаҳои Моҳ, яъне аз як навшавӣ то навшавии навбатиро моҳи синодӣ гӯянд, ки давомнокии он ба 29,53059 ё  29 рӯзу 12 соату 44 дақиқаю 2,9 сония баробар аст.

Тақвими шамсӣ ба ҳаракати солонаи Замин дар атрофи Офтоб асос ёфта, теъдоди рӯзҳои сол 365-366 рӯзро ташкил медиҳад. Теъдоди рӯзҳои тақвими қамарӣ аз шамсӣ 10 -12 шабонарӯз фарқ дорад.

Ҳамин тариқ, чунин бармеояд, ки оғози сол- Наврӯз дар сарзамини бостонии мо бунёди фарҳангӣ дошта, (он бо далелҳои илмӣ-мушоҳидавӣ асос ёфтааст) на ин ки ҷашни мардумии ҷумҳуриамон, балки ҷашни кулли фарҳангиёни сайёра ва ҷашни байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз медоранд, ки  «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст».

Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 ва баъдан 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид  Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Он аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз тартиб дода мешавад, дохил шуда, ҷашни миллии Наврӯз дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Анвар БУРИЗОДА,
директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

АКС: Dushanbe-travel

Март 19, 2025 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Дар Тоҷикистон сохтмони 9 иншооти нави фарҳангӣ идома дорад
6 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ДАСТКАШӢ АЗ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ. Имрӯз он ба воситаи бозӣ ё оромкунии кӯдакон табдил ёфтааст
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Дар Тоҷикистон низоми нави омодасозии кадрҳои илмӣ — постдокторантура амалӣ мегардад