Наврӯзи ҷаҳонӣ – ҷашне, ки башариятро ба сулҳу ваҳдат даъват намуда, ихтилофот ва бегонагиҳои байни халқҳоро решакан месозад
ДУШАНБЕ, 23.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон иди Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Вобаста ба аҳамияти байналмилалӣ доштани ҷашни Наврӯз мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Саидумар Раҷабов чунин ибрози андеша намуд:
— Дар ҷаҳони имрӯза ҷуғрофиёи ҷашни Наврӯз васеътарин буда, мамлакатҳоеро дар бар мегирад, ки аз ғарби Чин оғоз ёфта, то қаламрави Осиёи Марказӣ, сарзамини Ҳинд, Қафқоз ва Русия, марзҳои Аврупо, ғарби Туркия, мамлакатҳои арабӣ ва Африқои Шимолӣ тӯл мекашанд.
23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи банди 49-уми рӯзномаи «Фарҳанги сулҳ» қатънома таҳти унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» бо ризоият қабул гардид.
Ҳамин тавр, ҷашни Наврӯз, ки 21 март таҷлил мешавад, мақоми байналмилалӣ гирифт. Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ин нишони он аст, ки мардуми мо бо ҳисси эҳтиром ва сарфакорӣ ин ҷашни зебои аҷдодии худро то замони мо нигоҳ доштаанд.
30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО дар қатори 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз саросари ҷаҳон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии башарият дохил карда шуд. Қарор дар бораи ворид намудани ин унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати аъзои Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси ғайримоддӣ дар ҷаласаи худ, ки аз 28 сентябр то 2 октябри соли 2009 дар Абузабӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб) баргузор шуд, қабул гардид.
Ҳама давлатҳои Осиёи Марказӣ бо санадҳои қонунгузории худ Наврӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ тасдиқ намудаанд. Дар мамлакати мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, Наврӯз 4 рӯз- аз 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад.
Аҳамияти байналмилалӣ ва умумифарҳангии Наврӯз дар он аст, ки мисли дигар ҷашнҳои миллӣ он ибтидои муттаҳидкунанда дорад, зеро онро ҳама – чӣ пиру чӣ барно ҷашн мегиранд. Вижагии таърихӣ ва аҳамияти умумии фарҳангии Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ дар ду далели ҷолиби таърихӣ ифода ёфтааст.
Нахуст дар он аст, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни солинавии мардумони ориётабор дуртар аз сарзамини таърихии худ, яъне ба ҷашни миллии якчанд мамлакатҳо ва халқҳои дигар (Албания, Афғонистон, Босния ва Ҳерсеговина, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Косово, Курдистон, Покистон), Федератсияи Русия (Бошқирдистон, Тотористон, Чувашистон, Қрим), Ҷумҳурии Мардумии Чин (Ноҳияи Мухтори Синзяну Уйғур), Туркманистон, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон ва ғайра табдил ёфтааст.
Сониян, дар худи тавзеҳ додани пайдоиш ва моҳияти ин ид аз ҷониби ворисони бузурги фарҳанги классикии тоҷику форс ва пештар аз ҳама, дар тафсири устуриявии Умари Хайём нуҳуфта аст, ки руҳан дар чорроҳаи фарҳангҳои Шарқу Ғарб ба воя расидааст. Тибқи рисолаи маъруфи ӯ «Наврӯзнома», Наврӯзро шоҳи Эрон Ҷамшед мувофиқи як падидаи умумиҷаҳонии астрономӣ – фарорасии баробарии шабу рӯз муқаррар намудааст. Аммо гап танҳо дар асоси табиӣ доштани ин ид нест. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки суннати маънавии тоҷику форс шоҳ Ҷамшедро ба унвони ҳокими «ҳафт мамлакат», яъне тамоми қисматҳои сарзамин муаррифӣ менамояд.
Созмони Милали Муттаҳид аз мамлакатҳои аъзо, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, ташвиқ ба амал меорад, то таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашнро омӯзанд, то дониш дар бораи осори Наврӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паҳн гардад.
Бояд гуфт, ки илми наврӯзшиносӣ дар Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Донишмандони тоҷик роҷеъ ба таъриху суннатҳои Наврӯз ва таҷлили он дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ матолиби зиёде мунташир намуда, барои омӯзиши мақоми байналмилалии Наврӯз корҳои илмӣ бурда истодаанд ва ин натиҷаи судманд мебахшад. Дар сатҳи байналмилалӣ Наврӯз бори нахуст соли 2012 дар Душанбе бо иштироки ҳайатҳои баландпояи беш аз 30 давлати ҷаҳон таҷлил шуд.
Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин аз тамоми мамлакатҳои аъзо даъват менамояд, ки дар ҷашнҳо иштирок намоянд. Ин самараи мусбат дошта, ба мустаҳкам шудани ҳамфикрӣ, эҳтироми ҳамдигар, сулҳу амонии байни халқҳо ҳиссаи сазовор мегузорад. Наврӯз пули иртибот ва ҳамкории фарҳангӣ, пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо аст. Вай мақоми иди умумиҷаҳонӣ гирифта, халқҳоро боз ҳам муттаҳид менамояд, дӯстӣ ва бародариро пойдор месозад, сулҳу вахдатро мустаҳкам менамояд, ихтилофот ва бегонагиҳои байни халқҳоро решакан месозад.
Ҳамин тавр, аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидани Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад, ки аҷдодони мо ин ҷашнро бо ниятҳои олӣ, ки таҷассумгари меҳру вафодорӣ, покиву садоқат, зебоӣ ва нозукӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҳамбастагӣ мебошад, офаридаанд. Агар қаблан Наврӯз бар пояи расму оин таҷлил мешуд, ҳоло ба меъёри ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ мубаддал гардидааст.
Дар миқёси ҷаҳонӣ таҷлили Наврӯз ҳамчун ҷашни умумибашарӣ низ баръало ба чашм мерасад. Таҷлили он бо руҳияи ҳамгироии Созмони Милали Муттаҳид ба муттаҳид намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери идеалҳои бузурги сулҳ ва якдилии ҳамаи одамон нигаронида шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва сулҳу ваҳдати байни мардум саҳми арзанда мегузорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Рушди илмро дар ин давра метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд
АҲАММИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ. Тақриз ба китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол»
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Сайбибӣ Шарифова чун фариштаи меҳр 50 соли умри пурбаракаташро ба соҳаи тандурустӣ бахшидааст






