Оини хонатаконӣ пеш аз оғози ҷашни Наврӯз гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 18.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино расму оинҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз, аз қабили хонатаконӣ, оро додани манзил бо сӯзаниҳои рангоранг ва таҳияи таомҳои миллӣ дар фазои идона амалӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Амалӣ намудани чунин тадбирҳо ба муаррифии анъанаҳои суннатии ниёгон мусоидат намуда, барои баланд бардоштани эҳсоси худогоҳии миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба унсурҳои фарҳангӣ замина фароҳам меорад.
Бояд таъкид намуд, ки Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, эҳёшавии табиат буда, моро бо расму оин, анъанаҳо ва муқаддасоти ниёгон мепайвандад. Тоза намудани хонаву дар, аёдати беморон ва пирону ятимон, ривоҷи корҳои ободонию сабзазоркунӣ, аз ҷумла шинонидани гулу дарахтони мевадиҳандаю сояафкан аз рукнҳои муҳими ин ҷашн ҳисоб мешаванд, ки дар ин рӯзгори босаодати мо оммавӣ гардидаанд.
Яке аз анъанаҳои таърихии ин ҷашн, ки то ҳол мардум онро бо шавқ анҷом медиҳанд, тоза намудани атрофи манзил ва макони истиқоматӣ мебошад.
Анъанаи деринаи тоза намудани гулгашту хиёбон, шинонидани ниҳолу гулҳо, хонатаконӣ ва шустушӯйи тамоми зарфу либосҳои хонаро сокинон ҳамчун рамзи аз байн бурдани гарду ғубор ва ғаму андуҳи соли кӯҳна медонистанд.
Дар фасли баҳор ва арафаи ҷашни Наврӯз мардум тамоми ҷиҳози хонаҳоро ба берун бароварда, хонаро сафед намуда, кӯрпаву гилем ва дигар лавозимоти рӯзгорро шуста, афшонда, дар берун меовехтанд, то шуълаи Офтоб онҳоро безарар гардонад. Барои мардуми тоҷик аз қадим то имрӯз ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи поккорӣ дониста мешавад. Ба ибораи занони солхӯрда, анҷом додани анъанаи халос шудан аз ифлосию зарфҳои шикаста ва кӯҳна- ин зиёд шудани файзу баракат дар хонадон мебошад.
Ҳамзамон дар айёми баҳор тамоми мардум ба ҳашар баромада, ҷӯй ва дарёҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, бехи дарахтонро нарм менамуданд, яъне дар ҳама ҷо ба ҷашни Наврӯз омодагии ҷиддӣ медиданд.
Бояд гуфт, ки тозагӣ ба инсон ва амалҳои ӯ алоқамандӣ дошта, ҳамчун мафҳуми покӣ, тоза намудани муҳити зист аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад. Тоҷикон аз қадим тозагиро риоя мекарданд, зеро тоза намудани муҳити атроф, пеш аз ҳама, таҳкими мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, риояи беҳдошти шахсӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад, ки аҷдодони мо аз қадим онро риоя менамуданд.
Боиси хушҳолӣ аст, ки дар Ватани мо расму оин ва анъанаҳои неки ниёгон дубора эҳё шуда, тақвият меёбанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудаанд, «воқеан, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шуруъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаю озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш намудани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави мамлакат мебошад».
Чун идомаи анъанаи неки ниёгон имрӯзҳо сокинони мамлакат ба ҳашар баромада, дар поксозии атроф саҳм мегузоранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид






