Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 март Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар шаҳри Ашқобод дар вохӯрии 20-уми вазирони «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» иштирок дошт, мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сироҷиддин Муҳриддин паёми самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон расонид.
Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноат ва энергетика баррасӣ карда, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар зимн омодагӣ барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ тасдиқ карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






