Сафири Тоҷикистон ба Президенти Гурҷистон эътимоднома супорид

Март 7, 2025 17:15

ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 март Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон (қароргоҳ дар Боку) Илҳом Абдураҳмон ба Президенти Гурҷистон Михаил Кавелашвили эътимоднома супорид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Гурҷистон расонид.

Инчунин 6 март Илҳом Абдураҳмон бо вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Мака Бочоришвили мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масоили мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2025 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд