ШОМИ СУМАНАК. Тоҷикони муқими Белгия ва Нидерланд Наврӯзи байналмилалиро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берингени минтақаи Фландрия бо ташаббуси ҷамъияти тоҷикони Белгия «Диёр» ва ҳамкории ҷамъиятҳои фарҳангии дигар шоми суманак ҳамчун рамзи баҳору Наврӯз бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия хабар медиҳад.
Дар барнома ҳамватанони муқими Белгия ва Нидерланд, намояндагони ҷамъияти тоҷикони Нидерланд “Анҷумани Сомониён”, дӯстдорони фарҳанги шарқӣ, инчунин сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок намуданд.
Барномаи ҷашнӣ бо қироати шеъру сурудҳои наврӯзӣ оғоз гардида, ҳунармандон бо рақс ва оҳангҳои мардумӣ ҳусни чорабиниро афзуданд. Хони анъанавии “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” бо тамоми унсурҳои хоси худ ороста шуд. Ҳамзамон либосҳои миллӣ ва таомҳои суннатии тоҷикӣ, ба монанди оши бурида, палов ва фатирмаска ба намоиш гузошта шуданд.
Меҳмонон имкони озмудани суманак ва дигар шириниҳои наврӯзиро дошта, бо суннату расму ойинҳои мардуми тоҷик аз наздик шинос гардиданд. Барнома бо бозиҳои мардумӣ ва рақсу сурудҳои ҷашнӣ идома ёфт, ки фазои идонаро боз ҳам гарму самимӣ гардонид.
Ин таҷлил бори дигар ҳамбастагии тоҷикони муқими Аврупоро ба намоиш гузошта, аҳамияти Наврӯзро ҳамчун ҷашни сулҳ ва ваҳдати фарҳангҳо таъкид намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия


















ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






