Сокинони Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва сокинону меҳмонон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб хабар медиҳад, дар даромадгоҳи базмгоҳ аз ҷониби маҳаллаҳои деҳаҳо ва кормандони идораю муассисаҳои ҷамоат ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллие, ки хоси ин минтақаи баландкӯҳ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуда, ба меҳмонон муаррифӣ шуданд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки Ҷамоати Аличур таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта, симои зоҳирии он сол то сол ободу зебо мегардад.
Барномаи консертӣ аз ҷониби муассисаҳои фарҳанги ҷамоат пешкаши меҳмонону сокинон гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд






