Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 март дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ тибқи расму оини аҷдодии мардуми тоҷик дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.
Дар таҷлили Иди Наврӯз роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои кишвари мизбон, аъзои оилаи амирӣ, зиёда аз 115 сафиру роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқим, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, тоҷикони бурунмарзӣ, донишҷӯён ва доираи васеи хабарнигорон иштирок намуданд.
Атроф ва саҳни Сафорат бо шиору овезаҳои идона, густурдани дастархони наврӯзӣ, ҳафтсину ҳафтшин, сабзаи баҳорӣ, сумалак, меваҳои тарутозаи ватанӣ, хушкмева, нону кулча ва анвои гуногуни таъомҳои миллӣ оро дода шуд.
Барои муаррифии шоистаи дастовардҳои фарҳангию сайҳёии кишвар ва бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, гӯшаи махсус тартиб дода шуда, дар он маводҳои гардишгарӣ, аз қабили китобчаҳои роҳнамо, харитаи мавзеъҳои диданию таърихӣ, армуғонҳо ва ашёҳои намунаи фарҳанги миллӣ ба меҳмонон тақдим гардид.
Ҳамчунин барои меҳмонон филму наворҳои кӯтоҳ оид ба таъриху тамаддун ва дастовардҳои миллӣ намоиш дода шуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт оид ба дастовардҳои фарҳанги миллии мамлакат зери сиёсати фарҳангии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт










Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






