Татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025» ба анҷом мерасад. Тибқи он бунёду барқарорсозии 92 лоиҳа ба маблағи 222 миллиону 294 ҳазор сомонӣ нақшабандӣ шуда буд. Дар ин хусус 28 феврал зимни баргузории машварати васеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, давоми солҳои 2021-2024 ба иҷрои бандҳои барнома аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёду барқарорсозии иншоот 155 миллиону 428 ҳазор сомонӣ равона гардид. Соли 2024 бо саъю кӯшиши ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва соҳибкорон 7 банди барнома иҷро гардид.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи «Барномаи давлатии муҳити дастрас барои солҳои 2021-2025» барои рушди тадбирҳои дастгирии иҷтимоии маъюбон, фароҳам овардани имконияти баробар ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо тадбирҳо амалӣ гардиданд. Вобаста ба бандҳои нақшаи чорабиниҳои амалишуда дар қаламрави вилоят шиносномадиҳӣ ба иншоот ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ барои маъюбон бо ҷалби намояндагони ташкилоти ҷамъиятии маъюбон гузаронида шуд. Бо мақсади таъмини дастрасии маъюбон ба иншооти инфрасохтори иҷтимоии амалкунанда боғҳо, пиёдагардҳо ва гузаргоҳҳои пиёдагард барои маъюбон мутобиқ карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






