ТОҶИКИСТОН — ЗОДГОҲИ НАВРӮЗИ ҶОВИДОНӢ. Ин ҷашн рӯзи сулҳу оштӣ, дӯстию бародарӣ ва баробарӣ аст

ДУШАНБЕ, 22.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агар мо хоҳем ид ё маросимеро интихоб намоем, ки дар он ҳамаи хуҷастагиҳои як миллат, аз ҷумла, миллати мо, шукуҳи таърихӣ, илму ҳунар, фарҳангу фалсафа, одобу адабиёт, суннату ойинҳои волои он таҷассуми дурахшон ёфта бошанд, ин маросим Наврӯзи ҷовидонаи мо аст;
Агар мо хоҳем маросими миллию таърихиеро интихоб кунем, ки дар он ҳамаи армонҳои башарият, ҳамаи пайғомҳои баланди инсонӣ, ҳамаи ҳадафҳои баланду шоистаи халқи ҷаҳон таҷассуми мунаввар ёфта бошанд, боз ҳам Наврӯзи ҷовидонаи мо аст;
Агар мо хоҳем маросимеро интихоб кунем, ки ҳадафҳои бузург ва мақсадҳои наҷиби он дархӯри дарди ҳамаи инсоният бошад, ҳамаи одамони сайёра аз он истиқбол дошта бошанду инсонҳои рӯи заминро ба ҳам оварда тавонад, боз ҳам Наврӯзи ҷовидонаи мо аст;
Агар мо хоҳем, ки сулҳ дар Замин ҳукмрон бошаду инсонҳо дар ҳавои дӯстию муҳаббат, бо эҳтирому дастгирии якдигар зиндагӣ намоянд, бояд маросими Наврӯзро дар ҳамаи гӯшаҳои олам ҷовидона гардонем!
Чунин иброз доштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.
— Наврӯз ягона ҷашне аст, ки дар он одамон гуноҳи ҳамдигарро мебахшанд, ногапҳо ҳамгап мешаванд, душманон дӯст мегарданд, Наврӯз рӯзе аст, ки наметавон ба касе “не” гуфт, Наврӯз рӯзи ризои ҳамагон аст, яъне, рӯзи сулҳу оштӣ, дӯстию бародарӣ ва баробарӣ.
Аз тамоми суннатҳои қадимии мо аз ҳама бештар Наврӯз дар ашъор ва эҷодиёти адибони номвари гузаштаамон таҷассум ва ситоиш ёфтааст, зеро ҳадафҳои шоистаи миллӣ ва ҳадафҳои баланди инсонӣ, армону умедҳои дили мардум дар Наврӯз пайгирӣ гаштаанд. Зеро Наврӯз аз он маросими халқӣ аст, ки бештар аз ҳама бо худ рӯшноиву гармӣ, таровату сафо, хуррамиву болидагӣ, ангезишҳои эҳёи дубораро меорад.
Наврӯз он қадар таҷассуми сиришти неку ахлоқи баланду маърифати инсонӣ аст, ки дар он замоне, ки ҳанӯз динҳо ба маънои имрӯзиашон вуҷуд надоштанд, ҳамчун роҳнамо хизмат намудааст. Яъне, ки бо худ ба мардум эътиқоду итминону имон овардааст. Тозагию тозакорӣ, некиву хайрхоҳӣ, покиву саховат, раҳму шафқату парастиши бузургон, ки Наврӯз бо хеш меорад, халқро дар сари як имону як бовар ва як эътиқод ҷамъ меовардааст.
Наврӯз, ки дар фарҳанги миллии мо, дар эҷодиёти бузургони мо рамзи пирӯзии шодӣ бар ғам, рӯшноӣ бар тирагиҳо аст, дар замони навини давлатдории тоҷикон, дар оғози даврони Истиқлоли давлатии ин миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун боз ҳам чун рамзи пирӯзӣ эҳёи тоза ёфт, зеро маҳз Наврӯз ҳадафҳои баландии миллии халқи моро таҷассум ва раҳнамоӣ менамуд. Ба қавли ҳаким Фирдавсӣ:
Дилам бар ҳама ком пирӯз кард,
Ки бар ман шаби тира Наврӯз кард.
Тавсифи ин ҷашни миллию таърихии мо ҳанӯз аз Одамушшуаро, устод Рӯдакӣ оғоз ёфтааст. Маълумоти таърихии ин ҷашни бузурги миллиро Абӯрайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия”, Умари Хайём дар “Наврӯзнома” ва дигар донишмандон дар осорашон овардаю моҳият ва ҳадафҳои баланди миллию инсонии онро гуфтаанд.
Наврӯз ва моҳияти Наврӯз дар тасвирҳои шоирони бузурги гузаштаи мо ҳамеша чун рамзи навию навоварӣ, пирӯзии ҳаёти инсонӣ ва афзункунандаи равшанӣ ба тасвир омадааст. Аз ҷумла, Анварии Абевардӣ онро чунин тавсиф намудааст:
Боз ин чи ҷавонию ҷамол аст ҷаҳонро
В-ин ҳол, ки нав гашт заминрову замонро?!
Миқдори шаб аз рӯз фузун буду бадал шуд,
Ноқис ҳама инро шуду зоид ҳама онро.
Аз байни тасвирҳои наврӯзии шоирони бузурги гузаштаи мо метавон ин тасвирҳои ноби Манучеҳриро, ки дар баробари тасвири мумтозонаи як рассоми моҳир рангу таровиш дорад ва дар он табиат бо ҳама хуҷастагиҳои баҳорӣ ҷилвагар аст, мисол овард:
Навбаҳор омаду овард гулу ёсумано,
Боғ ҳамчун Табату роғ ба сони Адано.
Осмон хайма зад аз байраму дебои кабуд,
Мехи он хайма ситоки суману настарано.
Бӯстон гӯӣ, ки бутхонаи Фархор шудаст,
Мурғакон чун шаману гулбунакон чун васано…
Кабк ноқусзану шорак сантӯрзан аст,
Фохта нойзану бат шуда танбӯрзано.
Бузургони гузаштаи мо Носири Хусрав, Низомӣ, Саноӣ, Умари Хайём, Саъдиву Ҳофиз ва дигарон он қадар ситоишу тасвири Наврӯз намудаанд, ки ин ҷашни миллии таърихии халқамон бо ҳамаи рангҳо ва ҳадафҳои баланди инсонӣ дар эҷодиёти онҳо мондагор омадааст. Аз ҷумла, ҳаким Умари Хайём бо ҷилои маъниҳои фалсафӣ, дар перояи Вақту Замон Наврӯзро чунин тасвири мондагор додааст:
Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯйи дилафрӯз хуш аст.
Аз дӣ, ки гузашт, ҳар чи гӯӣ, хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст!
Аммо бузургтарин асари адабиёти классикии мо, ки аз он фаровонтарину мушаххастарин маълумотро оид ба ҷашнҳои миллии мо, хусусан Наврӯз ва таъриху нигориши он метавон ба даст овард, “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ аст. Аз мутолиаи он чунин бардошт метавон кард, ки дар замони Ҷамшед рӯзи якуми Фарвардин ранҷ аз рӯи Замин бардошта шуд ва мардум баросуда аз ранҷи замингир ҷашн доир намуданд ва онро ҷашни Рӯзи нав, Наврӯз ном ниҳоданд. Ҳаким Фирдавсӣ ин манзараро бо ваҷд чунин бошукуҳу рангин ба тасвир овардааст:
…Чу хуршеди тобон миёни ҳаво
Нишаста бар он шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,
Шигифтӣ фурӯ монд аз бахти ӯ.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин
Баросуд аз ранҷ рӯи Замин.
Бузургон ба шодӣ биоростанд,
Майу рӯду ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар силсилаи бузургони гузаштаи мо Наврӯзро рамзи покӣ, рамзи ишқ, рамзи дидор ва рамзи ягонагию пирӯзӣ мебинад:
Имрӯз ҷамоли ту бар дида муборак бод!
Бар ман ҳаваси тоза печида муборак бод!
Гулҳо чу миён банданд, бар ҷумла ҷаҳон ханданд,
Эй бар гулу сад чун гул хандида муборак бод!
Наврӯзи рухат дидам, хуш ашк биборидам,
Наврӯзу чунин борон борида муборак бод!
Воқеан эҳёи навини ҷашни Наврӯз дар оғози даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон беҳуда нест. Зеро эҳёи Наврӯз дар радифи эҳёи дубораи миллии мо хеле рамзиву мантиқан мусовӣ ва мувофиқ омадааст. Мисли ин ки Саъдии бузургвор шеъри наврӯзии худро маҳз ба истиқболи пирӯзии Истиқлоли миллии мо гуфта бошад, ки ин қадар созгор аст:
Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!
Чу оташ дар дарахт афканд гулнор,
Дигар манқал манеҳ, оташ маяфрӯз!
Баҳоре хуррам аст, эй гул, куҷоӣ?
Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз.
Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,
Бародар, ҷуз накӯномӣ маяндӯз.
Накӯӣ кун, ки давлат бинӣ аз бахт,
Мабар фармони бадгӯи бадомӯз!
Манеҳ дил бар сарои умр, Саъдӣ,
Ки бар гунбад нахоҳад монд ин кӯз.
Наврӯз ҳамеша ҷилои хирад ва оинаи тамаддуни дурахшони миллати мо, намунаи волои одоб ва суннатҳои неки тамаддунофар ва башарӣ: озодию озодагӣ, инсонигарӣ, покизагӣ, некманишӣ ва хайрхоҳӣ будаасту ҳаст.
Имрӯз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Пешвои башардӯсти мо ба Наврӯзи оламафрӯз ҷило ва дурахши тоза бахшиданд, онро ҷаҳонӣ намуданд ва бар ҳама идҳо муқаддам сохтанд.
Наврӯз он нуқтае аст, ки башариятро ба ҳам меорад, одамонро дӯсту бародар мекунад. Наврӯз иди муҳаббат, иди садоқат ва адлу адолат, иди нуру шукуфоӣ аст. Шукуҳу шаҳомати Наврӯз шукуҳу шаҳомати халқи мост, шукуҳу шаҳомати башарият аст; шукуҳу шаҳомати Наврӯз, пеш аз ҳама, шукуҳу шаҳомати Сарвари хирадпешаву адабдӯст ва фарҳангпарвари мост. Маҳз Пешвои миллати мо буданд, ки аз нахустин рӯзҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо муҳаббати баланд, бо эҳсосоти ниҳоят гарму самимонаи ватандӯстӣ ва ғамхориҳои беназир пайваста дар мавзуи эҳёи маросиму суннатҳои миллии мо сухан менамуданд ва талош меварзиданд. Ҳосили ҳамин ватандӯстиҳои ҷавонмардона буд, ки Наврӯзи миллии мо на танҳо эҳё ёфт, балки ҷаҳонӣ шуду маросими маҳбуби мардуми ҷаҳон гардид. Ин аст ҳосили азму талошҳои хастагинопазиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғиби ҳадафҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои миллатамон, дар бунёди Тоҷикистон ва эҳёи сарзамини куҳанбунёдамон.
ФАЙЗУ ФАРАТ МУБОРАК
Эй кишвари азизам, файзу фарат муборак!
Парвози мурғи бахтат, болу парат муборак!
Ин мулк зодгоҳи наврӯзи ҷовидонист,
Иқболу бахту шодӣ, файзи дарат муборак!
Имрӯз тоҷи заррин дар парчамат парафшон,
Эй мулки тоҷдорон, тоҷи сарат муборак!
Бо Сарварат шукуҳи нав ёфт Тоҷикистон,
Ин Пешвои бахту бахтоварат муборак!
Мо роҳи хайру эҳсон аз синаҳо кушодем,
Хуршеди нурафшон дар боварат муборак!
Симу зари диёрам файзу фари диёр аст,
Файзу фарат муборак, симу зарат муборак!
Оби зулол дорӣ, халқи ҳалол дорӣ,
Файзи зулолу покӣ дар кишварат муборак!
Дар домани гулафшон парвардаи ту моро,
Навбол чӯҷаҳои пароварат муборак!
Чун кӯҳи сарфарозат мо бо ту сарбаландем,
Озодии шукуҳат, файзи барат муборак!
Дар мулки бостонӣ, наврӯзи ҷовидонӣ,
Ин бахти осмонӣ, ин шаҳпарат муборак!
Наврӯз ҷовидон кард нуру нишоти моро,
Шуд бахти лоязолӣ дастоварат муборак!
АКС: АМИТ «Ховар»