ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. То инҷониб дар Муъминобод 26 893 нафар ва дар Кӯлоб 18 203 нафар дар интихоботи вакилони халқ иштирок намуданд

КӮЛОБ, 02.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, субҳи барвақт дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ оғоз гардида, то соати 20:00-и шаб ба вақти маҳаллӣ идома меёбад. То инҷониб дар ноҳияи Муъминобод 26 893 нафар, яъне 25 фоиз ва дар шаҳри Кӯлоб 18 203 нафар ба участкаҳои интихоботӣ омада, ба ҷонибдории номзадҳои арзандаи худ овоз доданд. Мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов аз ҷараёни баргузории интихобот дар ҳавзаи интихоботии якмандатии № 38-и ноҳияи Муъминобод ва ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, № 37 гузориш медиҳад.
Сокинони ноҳияи Муъминобод бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва умед ба фардои дурахшони Ватан бо аҳли хонаводаи худ ба участкаҳои интихоботӣ омада, ба номзадҳои арзанда овоз дода истодаанд.
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатии № 38-и ноҳияи Муъминобод ноҳияҳои Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин низ шомил гардидаанд. Дар ин ҳавза 134 участкаи интихоботӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо барои овоздиҳандагон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, аз ҷумла хонаҳои модару кӯдак, ҳуҷраҳои тиббӣ ташкил гардидааст. Гӯшаҳои иттилоотии участкаи интихоботӣ бо дастурамали тартиби баргузории интихобот ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба ин чорабинии муҳим дахлдошта таъмин шудаанд.
Тавре раиси камиссияи ҳавзаи интихоботии №38 Раҷабалӣ Табарзода иброз дошт, «дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод №38 118 ҳазору 241 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст. Сокинони ноҳия дар ин чорабинии муҳими ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, бо аҳли хонаводаи худ омада, ба тарафдории номзадҳои арзандаи худ овоз дода истодаанд».
Дар ноҳия 4 номзад- 1 нафар аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 3 нафари дигар тариқи худпешбарӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб низ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар фазои идона ҷараён дошта, интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ омада, ба номзадҳои арзандаи худ овоз дода истодаанд.
Тавре раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, № 37 Усмон Хушвахтов иттилоъ дод, «дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 117 ҳазору 764 нафар интихобкунандаро ба руйхати овоздиҳандагон ворид намудаанд. 63 участкаи интихоботии таъсисёфта бо маводҳои зарурӣ, аз ҷумла дастурамал оид ба тартиби баргузории интихобот ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба интихобот тааллуқдошта таъмин мебошанд. Айни ҳол интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ омада, ба номзадҳои арзандаи худ овоз дода истодаанд».
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии рақами 37 се нафар номзад пешниҳод шудааст, ки як нафари он аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ду нафари дигар бо тариқи худпешбарӣ пешбарӣ шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»