Урдун имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд

Март 17, 2025 11:18

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Урдун аз имзои Шартномаи аломатгузории сарҳад байни Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст ва Ҷумҳурии Қирғизистон истиқбол менамояд.

«Урдун аз ҳама иқдоме, ки ба манофеи ду кишвар ва мусоидат ба амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ хизмат менамояд, пуштибонӣ мекунад», — гуфтааст сухангӯи расмии Вазорат Сафир Д.  Суфён Ал-Қуззот.

Сафир Ал-Қуззот аҳамияти ин Шартномаро ҳамчун қадами таърихӣ, ки ба таҳкими равобити Тоҷикистон ва Қирғизистон мусоидат намуда, аз талошҳо барои таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ пуштибонӣ мекунад, таъкид намуд.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 17, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд