10 АПРЕЛ-РӮЗИ РАДИОИ ТОҶИК. Радиои «Тоҷикистон» ҳамқадами замона фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Рӯзи таъсисёбии радиои тоҷик мебошад.
Давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз марҳилаҳои асосии рушди радиои тоҷик ва дигар воситаҳои ахбори оммаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми Воситаҳои ахбори омма, бахусус самти радиошунавонӣ ба марҳилаи нави рушд қадам гузошт. Соли 1992 дар нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳайати радиои «Тоҷикистон» идораи барномаҳои «Фурӯғи Ориёно» таъсис дода шуда, баъдан соли 1999 шабакаи радиоии «Садои Душанбе», соли 2007 бо якҷоя кардани бахши барномаҳои бурунмарзӣ бо идораи «Фурӯғи Ориёно» шабакаи радиои «Овози тоҷик» ва соли 2008 барои тарғиби фарҳангу адабиёти оламшумул радиои «Фарҳанг» дар сохтори радиои «Тоҷикистон» таъсис ёфтанд.
Дар айни замон радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он дар як шабонарӯз бо 8 забон 96 соат барнома пахш менамоянд.
Имрӯз радиои «Тоҷикистон» дар фазои иттилоотии мамлакат чун расонаи иттилоотӣ, сиёсӣ ва маърифатӣ мавқеи хосса дорад.
Дар остонаи солгарди таъсиси Радиои «Тоҷикистон» хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави Наврӯз бо директори Радиои «Тоҷикистон» Обидҷон Саидзода ҳамсуҳбат гардид.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, Радиои «Тоҷикистон» ҳамчун воситаи муқтадири иттилоотӣ дар бозори расонаии мамлакат нақши муассир дорад. Солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ рост омад, дар ин муддат радио таҳаввулоту тағйироти зиёдеро аз сар гузаронид. Он замон барномаи сиёсию адабии «Хоки Ватан» ташкил гардид, ки дар тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат ва бародарию ба ҳам омадани тоҷикон химати шоистае анҷом дод.
Барномаи маъруфи «Хоки Ватан» аз соли 1993 то моҳи декабри соли 1996 беш аз 800 маротиба садо додааст. Ҳангоми пажуҳиши маводи мавҷудаи бойгонӣ маълум гардид, ки тавассути ин барнома беш аз 60 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба хешу ақрабои худ муроҷиат намудаанд, 50 ҳазор аз Афғонистон ба пайвандон ва ҳамдиёрони худ номаву паём фиристодаанд. Бо таъсири ҳамин барнома беш аз 600 ҳазор нафар гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргаштанд.
Дар айни замон Радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он — «Садои Душанбе», «Фарҳанг» ва «Овози тоҷик» дар қаламрави Тоҷикистон дар мавҷи FM шунавонида мешаванд. Дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон мавҷи ин радиоҳо дастрас мебошад. Инчунин бо пеш рафтани техникаю технологияҳои соҳавӣ барномаҳои радиои «Тоҷикистон»-ро ба таври онлайн дар интернет ва моҳвора низ ҷой намудаанд, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шунидан мумкин аст.
«Мо барномаҳоро барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа омода мекунем. Кормандони мо кӯшиш менамоянд, ки ба шунаванда мақсади худро фаҳмотару содатар баён намоянд. Ҷалби мутахассисон ба барномаҳо яке аз муваффақияти барномаҳои радиои мо мебошад, ки шунаванда то қадри имкон метавонад маълумоти зарурӣ пайдо намояд. Барномаҳо бештар дар самти худшиносӣ, фарҳанг, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, зиракию ҳушёрии насли наврасу ҷавон таҳия мегарданд»,-иброз дошт Обидҷон Саидзода.
Дар маҷмуъ, дар як шабонарӯз танҳо тавассути идораи иттилоотии радиои «Тоҷикистон» 23 нашри барномаи иттилоотии «Ахбор» пахш мешавад, ки бештар аз 3 соати вақти умумии барномаҳоро ташкил медиҳанд.
«Имрӯз дар Радиои «Тоҷикистон» барномаҳои «Озодазодагон», «Рисолати муқаддас», «Нидои бедорӣ», «Фурсати баён», «Маърифат», «Меҳвар», «Бозтоб», «Иқтисод ва молия», «Ҳаёти деҳот», «Шарҳи матбуот», «Тоҷикистон ва ҷаҳон», «Илм ва инноватсия», «Оҳанги нигоҳ», «Забондон», «Роҳ ва нақлиёт» ва даҳҳо барномаи дигар таҳияву пахш мегарданд, ки ҳар яки он шунавандаи худро дорад.
«Барномаҳои мустақими радио низ рангин ва ҷолиб мебошанд. Дар ин барномаҳо шунавандаҳо ба таври мустақим тамос гирифта, бо ҳунарманде суҳбат менамоянд, аз мутахассисе маълумоти зарурӣ мегиранд ва ё арзу муроҷиати худро ба ин ё он ниҳоди давлатию ғайридавлатӣ мерасонанд»,-мегӯяд Обидҷон Саидзода.
Ҳоло ҳайати эҷодию техникии радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Фарҳанг» аз 195 нафар иборат буда, қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар радио барои рӯзноманигорон, хусусан ҷавонон шароити муносиб барои фаъолияти эҷодӣ фароҳам оварда шудааст. Ба мутахассисони ҷавон дар давраҳои таҷрибаомӯзӣ нозукиҳои кори амалӣ омӯзонида мешавад.
Дар раванди рушди босуръати технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва ба таври васеъ истифода гардидани интернет рақобат байни воситаҳои ахбори омма беш аз ҳар вақти дигар шиддат гирифтааст. Шабакаҳои интернетӣ ҷузъи муҳиму асосии Воситаҳои ахбори омма мебошанд. Ҳоло барои нашр ё пахши ахбор истифодаи саҳифаҳои иҷтимоӣ ниҳоят мувофиқ мебошад ва он аудиторияи зиёд дошта, пуртаъсир ҳам гардидааст.
Бо назардошти маъруфияти оммавии интернет ва ба василаи муҳими пахши иттилоот табдил ёфтани он кормандони радиои «Тоҷикистон» аз интернет ҳамчун воситаи наву муассири пахши муҳтаво дар қолаби чандрасонаӣ истифода менамоянд. Ин раванд дар радио аз нимаи аввали соли 2020 оғоз гардид. Дар ин замина фаъолияти Радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ тадриҷан густариш ёфт.
Эҷодкорони Радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он то ҳадди имкон талош менамоянд, ки аз ин имконият ҳадафмандона истифода намоянд.
Ҳамзамон саҳифаҳои расмии Радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои «Фейсбук», «Инстаграм», «Ютуб» ва «Телеграм» фаъол мебошанд.
Имрӯз радиоҳои мамлакат барои шунавандагон барномаҳои гуногунсамт омодаву пахш менамоянд. Аз ҷумла, дар радиоҳои алоҳидаи мамлакат барномаҳои зиёди ҷолибу шуниданӣ барои ронандагон, ҳаводорони санъати мусиқӣ, иттилоотӣ, барномаҳои ҷашнӣ, тиҷоратӣ, ҳуқуқиву маърифатӣ ва фарҳангиву варзишӣ пахш мегарданд, ки шунавандагони зиёд доранд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия






