35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистон сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншооти таъйиноти гуногун бунёд, таъмир ва навсозӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар соҳаи маориф сохтмони иншоот, аз ҷумла мактаб, синфхонаҳои иловагӣ ва кӯдакистонҳо бомаром идома дорад. Айни замон бунёди бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 дар шаҳраки Бӯстон барои 1000 хонанда дар ду баст оғоз гардидааст. Дар баробари ин, дар асоси нақшаи генералии шаҳрак, сохтмони меҳмонхона, марказҳои савдо ва ошхонаҳои миллӣ оғоз гардидаанд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳия 12 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 45 гурӯҳи инкишофи кӯдак фаъолият доранд. Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия, дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот сохтмони кӯдакистонҳо идома доранд.
Дар ноҳия сохтмони бинои нави кӯдакистони рақами 4 оғоз шудааст, ки дар он барои таълиму тарбияи то 300 кӯдак шароити мусоид муҳайё мегардад.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ, бинои беморхонаи марказии ноҳия сохта мешавад. Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 250 кат пешбинӣ шудааст. Беморхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз хоҳад гардид.
Айни замон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷаъфар» сохтмони корхонаи истеҳсоли хишт ҷараён дорад. Ин корхона дар оянда барои таъмини бозор бо масолеҳи сохтмонӣ саҳм хоҳад гузошт.
Ҳамчунин дар шаҳраки Бӯстони ноҳия маркази савдои замонавии «Осиё» сохта мешавад. Марказ аз ду ошёна иборат буда, дар қабати аввал фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар қабати дуюм фурӯши техника ва таҷҳизоти маишӣ дар назар аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






