35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи «Хуҷанд» навсозӣ мегардад

Апрель 8, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи «Хуҷанд» навсозӣ  мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бинои меҳмонхона, ки аз 14 ошёна ва 187 ҳуҷра иборат аст, барои қабули 294 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа, бунёду навсозии тамоми утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои истиқоматӣ, тарабхона бо 200 ҷойи нишаст, ошхона барои 126 нафар, маҷлисгоҳ, ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар шаҳр то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мактаби санъат, корхонаи истеҳсоли газоблок ва тарабхонаҳои замонавӣ бунёд мегарданд.

Бо такя ба сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корҳои ободониву бунёдкорӣ, аз ҷумла сафолакпӯш намудани кӯчаву хиёбонҳо, шинонидани дарахтон ва дигар тадбирҳо  идома доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 8, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст