35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 7 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад

Апрель 7, 2025 13:30

ТУРСУНЗОДА, 07.04.2025 /АМИТ«Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  ва иҷрои супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ дар маҳаллаҳое, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ зиндагӣ менамоянд, дар шаҳри Турсунзода 7 кӯдакистон сохта мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини  Маҳмуд сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Фурқатҷон Саидов иттилоъ дод.

Муассисаҳои томактабӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр сохта мешаванд. Лоиҳаҳои ин муассисаҳо дар беҳтарин шакл тарҳрезӣ шуда,  7 кӯдакистон барои 1012 кӯдак пешбинӣ шудааст.  Инчунин биноҳои кӯдакистонҳо  бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва мизу курсиҳои наву бозичаҳои кӯдакона таъмин карда мешаванд.

Соҳибкорони бонангу баномуси шаҳр бо бунёди ин муассисаҳои томактабӣ ва рушд додани соҳаи маориф дар босаводу донишманд ва забондону бохирад  ба воя расидани насли наврас саҳми арзанда мегузоранд. Ин аст, ки дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои томактабии хусусӣ рушд менамоянд. Аз 7 кӯдакистони сохташаванда 6 адади он ба соҳибкорон мансуб буда, дар оянда ҳамчун муассисаҳои томактабии хусусӣ фаъолият менамоянд.

Дар айни замон дар шаҳри Турсунзода 20 ширхоргоҳ-кӯдакистон  фаъолият дорад, ки дар 118 гурӯҳи он  2630 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.

Сокинони шаҳри Турсунзода бо азму иродаи қавӣ барои иҷрои супоришҳои Сарвари давлат фаъолият менамоянд. Дар ояндаи наздик дар ҳамаи деҳаю маҳаллаҳое, ки зиёда аз сад хоҷагӣ зиндагӣ менамоянд, муассисаҳои томактабӣ бунёд мешаванд, то фарзандон забондону  бохирад ва хештаншиносу ватандӯст тарбия ёбанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 7, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад