35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳҳои маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд мумфарш карда мешаванд

Апрель 7, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳҳои маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд мумфарш карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Ба иттилои масъулин, мумфаршкунии роҳҳо бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад.

Дарозии умумии роҳҳое, ки мумфарш мегарданд, 1650 метрро ташкил медиҳад. Ин роҳҳо дар гузашта дар ҳолати ногувор қарор доштанд.

Бо мумфарш шудани роҳҳо мушкили ҳаракати нақлиёт ва сокинон ҳалли худро меёбад. Корҳои мумфаршкунӣ аз ҷониби ширкати роҳсозии маҳаллӣ амалӣ мегарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 7, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Дар Хоруғ 72 лоиҳаи сармоягузорӣ ба беҳтарсозии инфрасохтори маҳаллаҳо равона мешавад
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор бинои замонавии муассисаи таълимӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Челонзори ноҳияи Ёвон маркази саломатии дуошёна бунёд мегардад
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор мумфаршкунии 12 километр роҳ оғоз гардид