Абдулло Давлатов бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025-ро доварӣ менамояд

Апрель 2, 2025 09:02

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ду довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати довароне, ки бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-соларо ҳакамӣ менамоянд, дохил шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба рӯйхати доварони Ҷоми Осиё-2025 байни наврасон довари ФИФА Абдулло Давлатов ва ёвари довари ФИФА Вафо Қараев дохил гардиданд.

Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 16 даста, аз ҷумла тими Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Ҳамаи дастаҳое, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, соҳиби роҳхати чемпионати ҷаҳон-2025 мешаванд, ки он дар Қатар доир мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 2, 2025 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд