Ҳайати «Амонатбонк»» дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кории «Амонатбонк» таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки дар шаҳри Хайкоуи Чин баргузор гардид, иштирок ва маъруза намуд. Дра ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳияи матни лоиҳаи «Баёнияи муштараки бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии СҲШ», васеъ намудани шумораи бонкҳои аъзо, афзоиши чорабиниҳо дар самти табодули таҷриба байни бонкҳо ва мувофиқа кардани санаи баргузории ҷаласаи Шурои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзо баррасӣ гардиданд.
Дар интиҳои ҷаласаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби ҳамоҳангсозон лоиҳаи «Баёнияи муштарак» протокол бобати ба аъзогӣ пазируфтани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Беларусбанк» тарафдорӣ гардида, протоколи ҷаласа ба имзо расонида шуд.
Инчунин дар доираи ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода бо муовини раиси Бонки давлатии рушди Чин Вэн Вэйдун, муовини раиси Элдик Бонки Ҷумҳурии Қирғизистон Айчурек Жакипова ва муовини раиси Бонки миллӣ ва фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Мирдовидов баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи «Амонатбонк» ва ин бонкҳо дар самтҳои табодули таҷриба ва маблағгузории савдо барои рушд додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо баррасӣ шуд.
АКС: «Амонатбонк»








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






