Ҳайати Қатар дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе иштирок менамояд

Апрель 19, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар доктор Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Субайъӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкории дуҷониба дар самти ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва натиҷаҳои манфии он, роҳҳои коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таҳкими иқтидорҳои соҳавии мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, иштироки ҳайати Қатар дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, муҳокима гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд