Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи муштарак» дар Волгоград иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода барои иштирок дар Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи муштарак» ба шаҳри Волгогради Федератсияи Русия сафар намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, форум аз 28 апрел то 1 май баргузор шуда, ба 80-солагии Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳон- рӯйдоде, ки Волгоград имсол онро ба таври бошукуҳ таҷлил менамояд, бахшида шудааст. Мавзуи асосии форум саҳми халқҳои собиқ Иттифоқи Шуравӣ дар ғалаба, мубориза ба муқобили кӯшишҳои аз нав навиштани таърих ва вазифаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон мебошад.
Дар кори форум вакилони парлумонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳайатҳои вакилони Чин, Ветнам, Куба, Муғулистон, Сербия, Словакия ва дигар мамлакатҳо иштирок менамоянд.
Дар барномаи форум ҳамчунин ҷаласаҳои пленарӣ, суханрониҳои коршиносони байналмилалӣ, ҷаласаи муштараки Палатаи ҷавонони Иттиҳоди Беларус, Русия ва Парлумони ҷавонони назди Думаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд.
Барномаи форум чорабиниҳои зиёди фарҳангию маърифатиро дар бар мегирад.
АКС аз бойгонӣ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






