Ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд

Апрель 13, 2025 12:45

ДУШАНБЕ, 13.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии бонк Анна Бйерде ва ноиби Президенти Бонк оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд.

Меҳмононро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳудуди неругоҳ  ҳамроҳӣ намуд.

Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо марҳилаҳои асосии сохтмон, иншооти калидӣ ва таҷҳизоти насбшудаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид. Инчунин ҳайат аз минтақаҳои муҳими иншоот, аз ҷумла қисматҳои зеризаминӣ, нақбҳои нақлиётӣ ва системаи турбинаҳо боздид ба амал овард. Ба сифати иҷрои корҳо ва ҷараёни татбиқи лоиҳа баҳои мусбат дода шуда, суръати пешрафти он боиси қаноатмандии ҳайат гардид.

Ҳайати меҳмонон ҳамзамон бо мутахассисони тоҷик дар мавзуи татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа табодули афкор намуда, изҳори хушнудӣ намуданд, ки чунин иншооти бузурги стратегӣ дар шароити мураккаби техникӣ бо ин сатҳи касбӣ идома дорад.

Анна Бйерде дар охири шиносоӣ ба Китоби ифтихории Неругоҳи барқи обии «Роғун – Кохи Нур» соядаст гузошта, лоиҳаро яке аз муҳимтарин ташаббусҳои энергетикии минтақа арзёбӣ намуд. Вай изҳор дошт, ки «Роғун рамзи иродаи миллӣ, устувории равандҳои рушд ва намунаи ҳамкории муваффақи шарикони байналмилалӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо аз ин пешрафт руҳбаландем ва омодаем ҳамкориро дар ин самт идома диҳем».

АКС: ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Апрель 13, 2025 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд