Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор гардид

Апрель 18, 2025 10:41

ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҷаласаи навбатии Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисони соҳаи синамо иштирок намуданд.

Пеш аз оғоз иштирокчиёни ҷаласа бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба наворбардории филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки наворбардории ин филм дар семоҳаи дуюми соли 2025 оғоз гардида, давоми 120 рӯз анҷом дода мешавад.

Ҳоло гурӯҳи эҷодӣ ба марҳилаи интихобу омода кардани маконҳои наворбардорӣ, ҷалби ҳунармандон, сохтани реквизитҳо ва декорҳо, таъмини маводи зарурӣ ва дӯхтани либосҳои қаҳрамонон машғул аст.

Ба иттилои масъулин, то имрӯз аз 6500 реквизити нақшавӣ 1500 нусха китоб ва 2200 дона ашёи гуногуни саҳнавӣ омода гардидааст.

Дар ҷаласа раванди таҳия ва наворбардории филми ҳунарии таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ», иҷозатномадиҳӣ ба соҳаи филмофарӣ ва таҳияи силсилафилмҳои телевизионӣ, пешниҳоди Шурои бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба баргузории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баррасӣ гардид.

Ҳамчунин зимни ҷаласа вобаста ба баргузории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таъкид гардид, ки ҳадафи асосии он муаррифии зебоиҳои табиии мамлакат ва ҷалби таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба имконоти сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

Иброз гардид, ки яке аз хусусияти фарқкунанда ва муҳими ҷашнвораи дуюм — таъсиси ҷоизаи махсуси «Синамо бе сарҳад» мебошад. Ин ҷоиза барои саҳми муносиб дар рушду тавсеаи дӯстии халқҳо ва ҳамкории кинематографистони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис ёфта, паёми сулҳ, ваҳдат ва табодули фарҳангиро бо забони синамо ба ҷаҳониён мерасонад.

Ин иқдом на танҳо арзишҳои умумибашариро тарғиб мекунад, балки синаморо ҳамчун воситаи ҳамгироии фарҳангӣ ва робитаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

 

Апрель 18, 2025 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид