Анна Бйерде: «Бонки ҷаҳонӣ сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пуштибонӣ менамояд»
ДУШАНБЕ, 13.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва Ноиби Президенти ҳамин бонк хонум Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд.
Баъд аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонум Анна Бйерде дар суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма чунин изҳор дошт: «Имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбати созандае оид ба масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва энергетикии мамлакат доштем. Барои ман боиси хурсандист, ки бори дигар ба Тоҷикистон ташриф овардам. Дар мулоқот сатҳи ҳамкории созандаи байни Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз се даҳсола идома дорад, натиҷагирӣ шуд. Ҳоло сандуқи лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3,3 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки дар самтҳои рушди иқтисодӣ, инфрасохторӣ ва дигар бахшҳо амалӣ мешаванд».
Анна Бйерде таъкид намуд, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ коҳиш додани камбизоатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва деҳот мебошад. Вай инчунин таъкид намуд, ки лоиҳаҳо дар бахшҳои инфрасохтор, кишоварзӣ, рушди деҳот, таъмини об ва беҳдошт татбиқ мешаванд.
«Мо ҳамчунин ислоҳотеро, ки мамлакат амалӣ намуда истодааст, дастгирӣ мекунем. Бояд таъкид намуд, ки солҳои охир ҳаҷми истеҳсолот афзоиш ёфта, нақши бахши хусусӣ дар ташкили ҷойи нави кор ва ҷалби сармоягузорӣ бештар гардидааст», — илова намуд ӯ.
Хонум Бйерде ёдовар шуд, ки рӯзи гузашта бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Ба андешаи ӯ, Бонки ҷаҳонӣ яке аз нуҳ шарики рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз сохтмони ин неругоҳи бузург пуштибонӣ менамоянд.
«Неругоҳи барқи обии «Роғун» лоиҳаи муҳим дар бахши истеҳсоли энергияи «сабз» ба шумор рафта, на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Умед дорем, ки шарикии мо ба марҳилаи нав ворид гардида, дар таҳкими рушди устувори мамлакат замина мегузорад», — гуфт дар анҷоми суханаш Анна Бйерде.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст






