Ба гиромидошти асосгузори мактаби классикии шеър-мусиқии замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр симпозиуми байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба гиромидошти 1190-солагии асосгузори мактаби классикии шеър-мусиқии замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр (834-920) симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақш ва ҷойгоҳи аввалин давлати миллии тоҷикон- Сомониён дар таърихи тамаддуни башарӣ чунин ибрози андеша намудаанд: «Воқеан давраи маданият, фарҳанг, рушди илму адабиёт, шукуҳу иқтидори давлати тоҷикон ба аҳди Сомониён, хусусан шоҳ Исмоили Сомонӣ марбут аст. Ин давронро метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ, ташаккули шахсиятҳои баруманд, олимону, шоирон, симоҳои намоёни давлатӣ номид».
Дар ҳақиқат осори тамаддуни моддӣ ва маънавии замони Сомониён дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дошта, симоҳои дурахшони он Ҳаким Тирмизӣ, Абулаббоси Бахтиёр, Абулаббоси Сарахсӣ, Рӯдакӣ, Абумансури Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон дар ташаккул, рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузошта, осори офаридаашон ба ҷараёни таърихи ташаккули мероси таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ, адабӣ, сарвати бебаҳои бадеии тоҷик ва мардумони эронӣ иртиботи ногусастанӣ доранд. Дар замони Сомониён таърих, илм, забону адабиёт, мусиқии илмию амалӣ, ҳунарҳои бадеӣ бовусъат пешрафт намуда, намояндагони эҷодии ин асри заррин фазои васеи адабию таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ, бадеию эҷодии усулан классикию мондагорро дар тамаддуни башарӣ рӯи саҳна овардаанд.
Иброз гардид, ки офаридаҳои симоҳои эҷодию илмии замони Сомониён, аз ҷумла замони фаъолияти илмию идории чеҳраи барҷаста Абулаббоси Бахтиёр марҳилаи басе шукуфоии таърих, миллат, забон ва Эҳёи тамаддуни тоҷикон ва мардумони Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик аст.
Дар ҳамоиш дар баробари муҳаққиқони тоҷик ҳамчунин донишмандону ҳунармандон аз давлатҳои Амрико, Фаронса, Канада, Ҳиндустон, Узбекистон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ масоили мубраму камтаҳқиқшудаи таърих ва тамаддуни аввалин давлати мутамаркази тоҷикон-Сомониён ва намояндаи барҷастаи он, донишманди варзида, поягузори мактаби классикии шеъру мусиқӣ ва фарҳанги замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр ва замони ӯро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд






