Ба сокинони шаҳри Роғун риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти истифодаи самараноки неруи барқ фаҳмонида мешавад
РОҒУН, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо иштироки роҳбарони шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассиса, масъулини шабакаҳои барқ, нозирони минтақавӣ, шурои маҳаллаҳо ва ходимони дин машварати корию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун хабар доданд.
Зимни машварат Раиси шаҳри Роғун, прокурори шаҳри Роғун, сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт ва сардори шабакаи барқи шаҳр вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи энергетика ва истифодаи неруи барқ, инчунин пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ дар ҳар оила ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи неруи барқ аз ҷониби сокинон сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки дар кишварҳои хориҷӣ сари вақт ва пурра пардохт намудани ҳаққи истифодаи неруи барқ ва хизматрасониҳои коммуналӣ барои шаҳрвандон қарзи виҷдон ва рисолати инсонӣ маҳсуб мешавад. Зеро онҳо хуб дарк намудаанд, ки дар ҳолати аз ҷониби истифодабарандагон сари вақт пардохт нашудани ин маблағ хизматрасонӣ дучори мушкилӣ мегардад. Аз ин рӯ ҳар сокини шаҳри Роғун ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бояд масъулияти баланди инсонӣ нишон дода, сари вақт маблағи истифодаи барқро пардохт ва онро самараноку дуруст истифода намоянд.
Дар ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои идеологии шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дуруст ва самаранок истифода бурдани неруи барқ, расонидани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи қувваи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт мунтазам дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ, ки 25 апрел дар Қасри миллат бо иштироки масъулини сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика доир гардид, таъкид намуданд, ки талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар мамлакат ташвишовар мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика, хусусан комилан беҳтар намудани таъминоти неруи барқ ба аҳолии мамлакат ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳимму ногузир вазифагузорӣ намуданд.
Роҳбари давлат ба масъулини соҳа дастур доданд, ки бо истифода аз имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма, бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа моҳияти муқаррароти қонунгузории навро вобаста ба вазнинии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ истифода намудани неруи барқ ба таври васеъ ба ҳар оилаи ҷумҳурӣ мушаххас фаҳмонанд.
Тавре таъкид гардид, ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзӯр карда шудааст. Аз ҷумла, ҷавобгарии ҷиноятӣ то маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст.
Бо ин мақсад дар Тоҷикистон Агентии назорати энергетикӣ таъсис дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд






