Барои барқарор намудани чарогоҳҳои водии Рашт 20 намуди тухмиҳои бутта ва дарахтон парвариш карда мешаванд

Апрель 27, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар гармхонаи нави Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20 намуди тухмиҳои бутта ва дарахтони маҳаллӣ барои барқарор намудани чарогоҳҳои водии Рашт, ки ба шароити маҳал устуворанд, парвариш карда мешаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, бунёди гармхона тавассути лоиҳаи хизматрасонӣ дар самти обу ҳаво ва иқлим (ХООИ) аз ҷониби Каритас Швейтсария ва Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд (SDC) маблағгузорӣ шудааст. Гармхона ҳамчун парваришгоҳи ниҳолҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони институт барои барқарор намудани чарогоҳҳои таназзулёфтаи водии Рашт истифода бурда мешавад.

Тухмиҳои бутта ва дарахтони маҳаллӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барои мутобиқгардонӣ дар шароити чарогоҳҳои водии Рашт ҷамъоварӣ шудаанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 27, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад