Бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон ва Чин машварат баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи таҳсилоти касбӣ дар соли 2025» бо иштироки роҳбарони якчанд муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон ва Чин машварат баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамчун ҳамсоя ва шарикони стратегӣ муносибатҳои дӯстонаро дар асоси эҳтиром, ҳамфикрӣ ва дастгирии ҳамдигар таҳким бахшида, дар самтҳои мухталиф ҳамкории самарабахш доранд.
Як зумра роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистону Чин вобаста ба самтҳои фаъолияти муассисаҳои худ, роҳҳои таҳким бахшидани ҳамкории дуҷониба ва табодули донишу таҷриба ибрози андеша намуданд.
Дар машварат байни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, Коллеҷи касбии технология ва тиҷорати шаҳри Гуанчжоу дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати чинии «Nalike» Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Имзои ёддошт дар баланд бардоштани самтҳои таълим, тарбия ва илми ин муассисаҳо замина гузошта, ба рушди самтҳои мухталифи ҳамкории самарабахш равона мегардад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






