Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» конференсияи илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (2018-2028)» ва «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030)» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конференсия директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода изҳор дошт, ки рӯ овардан ба таҳқиқоти илмӣ, хусусан ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.
Таъкид гардид, ки мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникӣ, таъсиси Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ бо озмоишгоҳҳои нави ба бозори меҳнат рақобатпазир, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис ёфтааст, аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба илми ватанӣ ва амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дарак медиҳад.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Истифодаи технологияи рақамӣ дар ҳалли масъалаҳои илмӣ ва идоракунии озмоишгоҳҳо», «Омӯзиши имконияти ҷудокунии уран аз маъданҳои урандори Помири шарқӣ», «Омӯзиши мавҷудият ва миқдори кофеин дар баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ», «Объектҳои обии Тоҷикистони Шимолӣ» маърузаҳо шунида шуданд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон













«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






