Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 март дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо, об ва табиат» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар конференсия олимону муҳаққиқон муҳимияти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обро таъкид намуданд. Иброз шуд, ки ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовори дастгирии ҳамаҷониба гардид. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии захираҳои обӣ барномаҳои муҳиме қабул намудааст, ки саҳми ҷумҳуриро дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ нишон медиҳанд.
Маърузаҳои илмӣ дар мавзуъҳои «Таъсири омилҳои техногенӣ ва табиӣ ба ҳолати гидрологии дарёҳо ва иқлим», «Ҳисобкунии зичии ҷараёнҳои гармӣ, ки ба обшавии пиряхҳо мусоидат менамоянд ва таҳлили омилҳои ба онҳо таъсиркунанда», «Ташаббусҳои Пешвои миллат – наҷотбахши сайёра» ва «Раванди обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим» пешниҳод гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон








Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд






