Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занҳои ихтироъкор – 2025» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ бо иштироки мутахассисону ихтироъкорони хориҷӣ, олимони соҳавӣ, ихтироъкорону навоварон, соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ Форуми байналмилалии Тоҷикистон «Занҳои ихтироъкор – 2025» баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «Форуми байналмилалии Тоҷикистон «Занҳои ихтироъкор-2025» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди сармояи зеҳнӣ, ташаккули иқтисодӣ ба дониш ва навоварӣ, рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти ихтироъкорӣ байни ҷавонону наврасон баргузор гардид».
Мақсади асосии форум мусоидат ба рушди ихтироъкорӣ ва ҳавасмандгардонии занони ихтироъкори минтақаи Авруосиё, татбиқи ихтироъ дар истеҳсолот, рушди неруи инсонӣ, дарёфти механизми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон мебошад.
Иштирокчиён дар мавзуъҳои «Нақши занон дар рушди инноватсия» ва «Вазифаи занон: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва дурнамои рушд» маъруза ва муҳокимаронӣ намуданд.
Зимни форум занон ва ихтироъкорони фаъоли мамлакат барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






