Дар Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.202 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 апрел дар Литсейи касбӣ-техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Истиқлол, Исфара, Конибодом ва Ашт баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар озмун аз 12 муассиса 250 хонанда аз рӯи 15 ихтисос фаъолона иштирок намуда, баъди ҷамъбасти натиҷаи имтиҳон ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҳамасола дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи 15 ихтисос, аз ҷумла барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ гузаронида мешавад.
Озмун дар ду давр баргузор шуда, хонандагон аз рӯи фанни таълимӣ тест супорида, аз рӯи ихтисос маҳорат нишон медиҳанд.
Даври ҷумҳуриявии озмун 15-16 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






