Дар иҷлосияи 27-ум оид ба мониторинг ва арзёбии муҳити зист таҳкими сиёсати экологӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирот дар соҳаи низоми мониторинги муҳити зист ва таҳкими сиёсати экологӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар иҷлосияи 27-ум оид ба мониторинг ва арзёбии муҳити зист барои давлатҳои аъзои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE), ки дар Женева баргузор гардид, баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар иҷлосияи 27-ум оид ба мониторинг ва арзёбии муҳити зист барои давлатҳои аъзои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода иштирок ва сухан намуда, бо роҳбари гурӯҳ ва масъулони Шарҳи чоруми натиҷаҳои фаъолияти экологии Тоҷикистон оид ба таҳияи Харитаи роҳ, тарҷума ва нашри он, инчунин баргузории ҳамоиш бо ҷонибҳои манфиатдор вохӯрӣ намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон аз байни 56 давлати аъзои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо нахустин шуда, Шарҳи чорумро қабул намудааст.
Дар иҷлосияи 27-ум оид ба мониторинг ва арзёбии муҳити зист барои давлатҳои аъзои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ҳамзамон масъалаҳои марбут ба мубодила ва муттаҳидсозии маълумоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ муҳокима гардиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






