Дар Котиботи СҲШ дар Пекин ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Апрель 2, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин ба муносибати ҷашни баҳор, ки дар бисёре аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти шиори «Наврӯз-2025: ҳамоҳангии анъанаҳо ва рушди устувор» ба таври васеъ таҷлил мешавад, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин иттилоъ медиҳад.

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев зимни суханронӣ Наврӯзро таҷассуми пирӯзии некӣ, умеди мардум ба соли пурфайз, шукуфоӣ, некуаҳволӣ ва зиндагии осоишта номид. Зимнан изҳор шуд, ки имсол ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардидани 21 март аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 15 сол пур шуд.

Ба иттилои Нурлан Эрмекбоев, руҳияи Наврӯз бо «руҳияи Шанхай» ва пеш аз ҳама, моҳияти он, аз қабили баробарӣ, эътимоди мутақобил, эҳтиром ба гуногунии фарҳангу тамаддунҳо ҳамоҳанг мебошад. Омодагии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бобати саъю талош варзидан барои таҳким додани дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба манзури эҷоди ояндаи бехатар, созгор ва шукуфон таъкид карда шуд.

Намояндаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба корҳои Авруосиё Ли Ҳуэй таъкид намуд, ки мардуми давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо пайравӣ аз «руҳияи Шанхай» Наврӯзро, ки таҷассумгари хушбахтӣ, некӯаҳволӣ, ваҳдат ва шукуфоӣ мебошад, ба рӯйдоди муҳими мубодилаи фарҳангӣ ва ба ҳам наздик шудани одамон табдил медиҳанд.

Ба меҳмонон инчунин паёми табрикии видеоии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш манзур карда шуд.

Баъд аз қисмати расмӣ барномаи рангини консертӣ бо иҷрои суруду рақсҳои миллӣ, ки аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳайати эҷодии Донишгоҳи марказии миллатҳо ташкил шуда буд, баргузор гардид.

Дар гӯшаҳо ашёи санъати ороишӣ-амалӣ ва таомҳои миллии давлатҳои аъзои созмон ба намоиш гузошта шуданд.

АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин

 

 

Апрель 2, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд